Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти қаллобони хориҷӣ дар Душанбе


Рузи панҷшанбе хабаргузории "Азия плюс" иттилоъ дод, ки вазорати умури дохилии Тоҷикистон ду шаҳрванди хориҷиро бо дастаи долларҳои қалбакӣ боздошт намуд. Ду нафар шаҳрванди Русияву Қирғизистон ҳангоми кӯшиши табодули долларҳои қалбакӣ боздошт гардиданд. Ҳангоми тафтиш қалбакӣ будани ҳашт 100 долларӣ муайян шудааст. Файзулло Абдуллоев, як мақоми вазорати дохилии кишвар ба "Азия плюс" гуфтааст, эҳтимол меравад, бо дастони ин афрод ба кишвар миқдори зиёди арзҳои хориҷии қалбакӣ ворид шуда бошад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG