Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзномаҳоро аз як навъи андоз озод карданд


Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе, 23 июн ба Кодекси андози кишвар ислоҳот ворид кард. Бар асоси ин ислоҳот, бархе аз корхонаҷоту муассисоти ин кишвар аз пардохти бахше аз анвоъи молиёт, аз ҷумла аз масъулияти пардохти андоз аз арзиши изофа озод шуданд.
Усмон Сабзов - узви Кумитаи иқтисоду буҷа ва андози Маҷлиси Намояндагон гуфт, ислоҳот дар Кодекси андози Тоҷикистон бо ибтикор ва дастури бевоситаи раиси ҷумҳур ва ба манзури рушди озодии баён ва таҳкими раванди демократӣ дар ҷомиа сурат гирифтааст. Оқои Сабзов гуфт, дар моддаҳои 187 ва 234-и Кодекси андоз, ки наҳваи пардохти арзиши изофаро пешбинӣ ва танзим мекунад, тағйирот ворид гардид ва аз ин пас куллия нашрияҳои чопӣ дар кишвар ин навъи молиётро пардохт нахоҳанд кард: "Мақсади асосӣ аз пешниҳоди қонун ин озод кардан аз андоз аз арзиши илова таҳвилу нашри рӯзномаҳо маҷаллаҳо чӣ хеле гуфтем, адабиёти бадеӣ, адабиёти бачагона китобҳои дарсӣ ва китобҳои илмӣ-техникӣ мебошад." Аммо Раҷаби Мирзо сардабири ҳафтаномаи озоди "Рӯзи Нав" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ислоҳоти ворида ба Кодекси андоз ҷиҳати озодсозии рӯзнома ва маҷаллаҳо аз арзиши изофа барои муассисон ва ноширон манфиати камтареро ба бор хоҳад овард. Оқои Мирзо мегӯяд, ислоҳоти мазкур бештар манофеи матбаа ва тоҷиронеро, ки ашё ва таҷҳизоти чопиро ба кишвар ворид мекунанд, ҳимоят мекунад: "Ин қонун бештар аз онҳое вобаста аст, ки ба Тоҷикистон маҳсулоти чопиро ворид мекунанд. Ва кам шудан ва ё нашудани андоз аз арзиши иловашуда ва ё фаъолияти молии мо ҳам аз ин иртибот мегирад, ки то кадом дараҷа масалан нархи маҳсулоти меовардаи онҳо дар Тоҷикистон арзон, ё қиммат мешавад."Оқои Мирзо афзуд, ки аз ин тағйирот ҳамчунин нашрия ва маҷаллаҳои давлатӣ баҳравар хоҳанд шуд. Зеро меафзояд оқои Мирзо, ин нашрияҳо мушкилоти дарёфти коғазу ранг ва дигар ашёи мавриди истифодаи рӯзномаҳоро надоранд. Дар ҳамин ҳол қисме дигар аз сардабирони нашрияҳо дар кишвар ислоҳоти Кодекси андозро бо хушӣ истиқбол карданд.
Раҳим Сайдалиев - сардабири нашрияи "Ҷавонони Тоҷикистон" мегӯяд, дар вазъияти феълии кишвар ҳатто як гузашти кӯчаке аз ҷониби мақомот дар чопи нашрия ва маҷаллаҳо таъсири мусбат хоҳад расонд: "Як нафъи нисбатан кӯчаке ҳам бошад, ҳамон маблағе, ки мо аз ҳисоби бист фисади андозе, ки мо арзиши иловашуда пардохт мекардем, мо ҳамин маблағро метавонем дар фаъолияти ҳамарӯзаи хеш дар ҳудуди идорааамон истифода барем, метавонем маоши кормандонамон ва ҳаққи қаламро каме ҳам бошад, бештар кунем, инчунин барои ба минтақаҳои дурдасти кишвар сафар кардани кормандон мусоидат намоем." Гуфтанист дар як соли пеш сӣ тан аз сардабирони нашрияҳои расмӣ ва мустақили Тоҷикистон бо ирсоли як номаи саркушода унвонии раиси ҷумҳур хостори коҳиши молиёт аз нашрияҳо шуда буданд. Дархости сардабирони нашрияҳо тайи ин муддат борҳо мавриди омӯзиш ва баррасии дастгоҳи раиси ҷумҳур, вазорати молия ва кумитаҳои зиддахли Маҷлиси Намояндагон қарор гирифт. Аммо акнун Маҷлиси Намояндагон ба Кодекси андоз дар ин замина ислоҳот ворид кардааст, ки назари муаллифони ин номаи саркушода нисбати он яксон нест.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG