Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қочоқбарон меафзояд


Дар як ҳафтаи ахир 16 тан аз атбои Тоҷикистон ба иттиҳоми ширкат дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шудааст. Файзулло Гадоев - сардори идораи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо эъломи ин хабар гуфт, бештари афроди боздоштшуда ҷавонон ва занҳо мебошанд: "Умуман 16 шаҳрванд дастгир шуд. Аз ин 13 нафар мард ва сето зан. Аз синни аз 18 то 25-сола ду нафар мард, якеаш зан. Аз синни 25 то 35 - сола панҷ нафар мард як нафар зан дар ин синну сол боздошт нашудааст. Аз синни 35 - сола боло шаш мард ва ду нафар зан. Аз ин шаҳрвандони шаҳри Душанбе ду нафар, вилояти Суғд 7 кас, вилояти Хатлон 6 нафар ва Шаҳринав як кас." Ба иттиллои ҳамин манбаъ, ба ҳангоми боздошти ин афрод, ба миқдори 18 килограм маводи мухаддир, ки 17 килои онро ҳероин ташкил медодааст, кашф ва мусодира шудааст.
Файзулло Гадоев - сардори идораи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар вазорати дохила афзуд, аз оғози соли ҷорӣ ҳудуди 1400 кило маводи мухаддирро танҳо ниҳоди зери назорати вай аз қочоқбарон кашф ва мусодира кардааст, ки қисмати аъзами он ҳероин мебошад. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ин нишондод дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта бист дар сад бештар будааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки афзуд оқои Гадоев, имконоти истифода аз роҳҳои душворгузар ва бидуни назорат ва ҳимоят дар мавозеи кӯҳии марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон барои қочоқи маводи мухаддир тоза мусоид мешавад.
Бар изофа, боз шудани гарданаи Анзоб дар фасли гармо имконоти бештареро ҷиҳати ҳамл ва интиқоли маводи мухаддир аз Душанбе ба Хуҷанд ва сипас ба Русия ба қочоқчиён фароҳам мекунад. Дар соли ҷорӣ маҳз аз ҳамин масир бузургтарин миқдори маводи мухаддир, наздики дусад кило дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз махфигоҳи як машинаи борбари КАМАЗ кашф ва забт шудааст.
Файзулло Гадоев - сардори идораи мубориза бо гардиши ғайриқонуни маводи мухаддири вазорати дохилаи Тоҷикистон мӯътақид аст, иллати аслии даст ба қочоқи маводи мухаддир задани бештари афроди боздоштшуда ва аз ҷумла занҳо, ки умдатан ба табақаи нодор ва фақири ҷомиа мансубанд, набуди ҷойи кор ва маоши муносиб дар кишвар мебошад.
Аммо дар ҳамин авохир парлумони Тоҷикистон зимни воридсозии иловаҳо ба Қонуни кайфарии Тоҷикистон ҷазо барои нигаҳдориии миқдори ками маводи мухаддирро коҳиш дод ва ҳамчунин бар асоси ин ислоҳот, акнун афроде, ки то миқдори сифру аз даҳ панҷ грамм маводи мухаддир боздошт мешаванд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нахоҳанд шуд.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG