Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гӯсфанди "Марко Поло" арзон шуд


Мирзоҷалоли Шоҳҷамол аз Хоруғ

Нархи шикори як сар гӯсфанди помири "Марко Поло" тибқи қарори ҳукумати вилояти Бадахшон дар мавсими шикори имсола 7 ҳазор доллари амрикоӣ муқаррар шудааст. Масъулини идораи ҳифзи табиат поён рафтани нархи шикори як сар гӯсфанди нодирро, ки қаблан ба 10 ҳазор доллар баробар буд, ба тараққии шикор ва туризм ва афзоиши рақобат дар ин замина дар Осиёи Марказӣ вобаста медонанд. Сардори идораи ҳифзи табиати Бадахшон Мурод Мирҳасанов гуфт, ҳарчанд ҳукумати кишвар барои шикори хориҷӣ 50 иҷозатнома ҷудо намудааст, аммо танҳо 40 нафар шикорчиён омодагии хешро ба шикор дар мавсими имсола изҳор доштаанд.
Вай афзуд: "Яке аз сабабҳои асосии ин якбора поён рафтани нархи шикори гӯсфанди "Марко Поло" аст. Дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя, яъне дар Қирғизистон яку якбора ба 5 ҳазор доллар поён рафт, дар Қазоқистон ба 6 ҳазор доллар. Ва ҳамин тавр мо маҷбур шудем, нархи шикорро кам кунем, чунки ба ҷойи 50 нафар 32 нафар ба шикор омаданд."
Парвариш ва шикори гӯсфанди "Марко Поло" дар панҷ хоҷагиҳои шикори вилоят дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-истеҳсолии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, хоҷагиҳои шикорӣ ва пажӯҳишгоҳ ҳамасола аз 6 то 9 ҳазор сомонӣ пардохт мекунанд.
Масъалаи паст намудани қиммати шикори "Марко Поло" ба хотири ҷалби бештари шикорчиён бо пешниҳоди ин пажӯҳишгоҳ ба миён омадааст. Аммо ҳанӯз чанд сол пеш дар ҳоле, ки мутахассисони кумитаи ҳифзи табиат мегуфтанд, ки шумори гӯсфанди "Марко Поло" дар Помир 10-12 ҳазор сарро ташкил медиҳад ва мехостанд, бо ин васила иҷозаи ҳарчӣ бештарро барои шикор ба даст биёранд, олимони пажӯҳишгоҳ бонги изтироб мезаданд, ки шумори воқеъии гӯсфандон аз 5 ҳазор адад зиёд намебошад ва шикори онҳо бояд маҳдуд карда шавад.
XS
SM
MD
LG