Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба Узбакистонро шурӯъ кард


Вазорати энергетикаи Тоҷикистон интиқоли беш аз 400 миллион киловат соат нерӯи барқ ба Узбакистонро шурӯъ кард. Сарвари департаменти вазорати энергетикаи Тоҷикистон Рашид Гулов мегӯяд, дар ҷараёни сафари як ҳайъати вазорати мазкур ба Тошканд ҷониби Тоҷикистон ва Узбакистон ба ин натиҷа расиданд, ки дар ивази барқе, ки Узбакистон дар фасли сармо ба Тоҷикистон медод, акнун Тоҷикистон бештар аз ин миқдор нерӯ ба кишвари ҳамсоя хоҳад дод.
Оқои Гулов афзуд: "Чорсаду панҷоҳ миллион киловатт соат мо бояд интиқол кунем, дар ивази 300 миллион киловат соат нерӯи барқе, ки мо дар фасли сармо, замони норасоии нерӯи барқ аз Узбакистон мегирем. Феълан ҳар шабонарӯз 6-7 миллион киловатт соат нерӯи барқ ба Узбакистон интиқол мешавад." Ба қавли Рашид Гулов, табодули барқ миёни Тошканду Душанбе дар ҳамин чаҳорчӯб аз даврони шуравӣ то кунун идома дорад ва ин система то ҳол ҳифз шудааст. Рашид Гулов афзуд, як ҳайъати вазорати энергетикаи Тоҷикистон дар Тошканд бо намояндагони ниҳодҳои барқи Узбакистон музокира пеш бурда истодаанд, то ин ки Тошканд роҳи худро боз намояд ва Тоҷикистон беш аз 1 миллиард киловатт соат барқи худро ба Русия интиқол диҳад.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG