Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар бузургтарин тарабхонаи Душанбе


Шоми якшанбе, бинои як тарабхонаи хусусии ҷадид воқеъ дар хиёбони Борбади шаҳри Душанбе оташ гирифт. Тибқи иттиллоъи Хадамоти давлатии оташнишонии пойтахт ин тарабхона дар натиҷаи як амали барқасдона ба оташ кашида шудааст. Худойқул Назаров - муовини раиси Хадамоти давлатии оташнишонии Душанбе гуфт, ин ниҳод ду фарзияро ба ҳайси иллали рух додани ин ҳодиса ба баррасӣ гирифтааст: "Дар ин ҷо ду версияи оташ гирифтани бино мавҷуд аст. Ҳоло аз тарафи кормандон мутахассисон санҷида шуда истодааст. Яке аз версияҳои асосӣ ин қасдан оташ задан аст." Оқои Назаров гуфт, ҳафт мошини оташнишони тайи бештар аз севуним соати муқовимат бо сӯхтор тавонист, оташро фӯру нишонад. Ба иттиллои ҳамин манбаъ, сӯхтор аз рахти хоб ва аз ҳуҷраи посбони бинои тарабхона сар задааст. Оқои Назаров афзуд, ки тақрибан дар масоҳати сесад метри мураббаъ дуд ва забонаи сухтор ба манозили зисти 16 шаҳрванд дар ошёнаҳои аз ду то панҷ хисора ворид кардааст. Дар ҳоли ҳозир як камиссиюни вижа ташкил шудааст, ки миқдор ва ҳаҷми хисороти расида ба тарабхона ва манзили маскунии сокинони пойтахтро меомӯзад.
Ва аммо ин тарабхонаи хусусӣ, ки мебоист то чанд рӯзи дигар шуруъ ба кор кунад, дар қабати аввали як бинои панҷтабақа ва дар ҷои қаблии як фурӯшгоҳи бузург бунёд ёфта аз бузургтарин тарабхонаи пойтахт ба ҳисоб мерафт. Як тан аз кормандони ин тарабхона, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт тарабхона барои панҷсад нафар ҷой ва шароити истироҳатро фароҳам карда буд. Соҳиби ин тарабхона Саъдӣ Бафоев ҳамчунин дар роҳи ҷониби ноҳияи Ваҳдат 15 километрии шарқи Душанбе як тарабхонаи дигаре низ доштааст. Сухтори тарабхонаи мазкур тайи ду моҳи ахир дуввумин ҳодисаи мушобеҳ дар пойтахт аст, ки масъулини тафтишот иллати вуқӯи онро дар муноқиша ва рақобати миёни соҳибкорон мебинанд. Қаблан низ чанд дӯкони хусусӣ ва растаҳои тоҷирон дар бозори Корвони Душанбе бузургтарин бозори пойтахт ба оташ кашида шуда буд.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG