Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саодат Қодирова ба 5 соли зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Саодат Қодирова, як сокини пойтахтро ба ҷурми нигаҳдорӣ ва паҳн кардани адабиёти мамнӯъ ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст. Бар асоси мусавабаи додгоҳ, аз манзили хонум Қодирова адабиёти марбут ба созмони мамнӯъшудаи Ҳизби Таҳрир пайдо шудааст. Ӯ бар асоси се банди Қонуни ҷиноии Тоҷикистон тӯҳмат шуда буд, аммо додгоҳ дар ду маврид муттаҳам шудани хонум Қодироваро беасос донист ва уро танҳо тибқи банди 1894-уми Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, барои нигаҳдории адабиёти мамнӯъшуда маҳкум кард. Як мақоми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ гуфт, хонум Қодирова ҳақ дорад, дар зарфи як ҳафтаи баъди эъломи ҳукми додгоҳ ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят кунад. Аммо Шарифа Зайниддинова, хоҳари хонум Қодирова мегӯяд, ӯ қасд надорад аз болои ҳукми додгоҳ ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят кунад. Зеро мегӯяд ӯ, ба мавҷудияти адолати додгоҳӣ шубҳа дорад: "Дар аксари маврид додгоҳи таҷдиди назар ба шикояти маҳкумшудагон посухи қонеъкунанда надодааст. Аз ин хотир, шикоят кардан ба ин додгоҳ манфиат надорад. Фақат умед, ки шояд Саодат Қодирова мавриди афв қарор бигирад."
Ин дар ҳолест, ки дар ду соли пеш ҳамсар ва ду бародари дигари Саодат Қодирова низ ба ҷурми узвият дар Ҳизби таҳрир аз ҷониби додгоҳ маҳкум шуда ва феълан дар зиндон ба сар мебаранд.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG