Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қонун барои сарватмандон, "арӯсакҳо"-и Русия, истеҳзо ба ҳукумати Раҳмонов


Қабули қонуни нави интихобот дар ин ҳафта мавзӯъи аслии нашрияҳои чопи Тоҷикистон буд. «Рӯзи Нав» навиштааст, аҳзоби сиёсӣ ба истиснои ҳизби ҳоким аз ин тарҳи қонун қаноатманд нестанд ва бовар доранд, ки Президент ин қонунро барои баррасии дубора бармегардонад. Ҳафтанома аз забони ҳизби демократии Тоҷикистон навиштааст, қонуни тозақабулшуда аз пешинааш дида бадтар шудааст ва акнун ҳизби демократӣ низ ба эътилофи аҳзоби сиёсӣ барои шаффофияти интихобот хоҳад пайваст. Аз нукоти тозаворидшуда аҳзоби сиёсии мухолиф махсусан аз гаравпулии номзадон шадидан интиқод кардаанд. «Нерӯи Сухан» навиштааст, бо маоши ҳадди ақали 7 сомонӣ тибқи тарҳи нави қонун танҳо 10 дар сади аҳолӣ имкони гузоштани номзадии худро доранд. Ба навиштаи «Одаму Олам» , ин интихобот бо ин қонун танҳо барои як идда пулдорон хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, Мирзоалӣ Болтуев-раиси комиссияи марказии интихобот дар як сӯҳбати вижае бо «Одаму Олам» гуфтааст, Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи порлумонӣ аз беҳтарин асноди ҳуқуқӣ буда ба меъёру арзишҳои умумибашарӣ ҷавобгӯ мебошад. Ҷаноби Болтуев барои ин фикраш чунин далел овардааст, иқтибос меорам, «Садҳо нозирони байналмилалӣ рафти баргузории интихоботи моро назорат мекунанд, ҳазорҳо институтҳои сиёсатшиносию ҷомеаомӯзӣ қонуни интихоботи ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таҳқиқ қарор додаанд, шукронаи адолат, ки ҷурми ҷиддие наёфтаанд.» Поёни иқтибос.
Дар як пурсише, ки «Рӯзи Нав» оид ба қонуни нави интихобот миёни мардум доир намудааст, Додарбек Нуров-ном як муҳоҷири меҳнатӣ гуфтааст, баҳсгарони қонуни нав як нуктаи бисёр ҳам муҳим-муҳоҷирони меҳнатиро фаромӯш кардаанд. Ба гуфти Додарбек, теъдоди ғайрирасмии муҳоҷирон беш аз 1,5 миллион ва шумори расмӣ 300-400 ҳазор будааст. Додарбек ҳайрон аст, ки овози ин муҳоҷирони ғайрирасмӣ куҷо хоҳад шуд? Ё шояд онҳо ба тарафдории «нафари даркорӣ» «овоз» медиҳанд?, суол додаст ин муҳоҷири меҳнатӣ.
Вале шояд барои ин овозҳои муҳоҷирон дигар фикр кардан лозим наояд. Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон баҳсҳо атрофи Қонуни интихобот авҷ дорад, Русия тасмим гирифтааст, бо қабули қароре вуруди шаҳрвандони дигар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистонро ба хоки худ, бидуни гузарномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ манъ кунад. Ин дар сурате, ки қаблан шаҳрвандони Тоҷикистон бо 12 ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият метавонистанд ба Русия сафар кунанд. Ношири ин хабар «Рӯзи Нав» инро нишонаҳои нахустини ғалабаи Ройзман барои ҷорӣ намудани низоми раводид номидааст. Эҷоди маҳдудият дар муҳоҷирати корӣ ба Русияро коршиносон боиси пеш омадани хатари таркиши иҷтимоӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ кардаанд.
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар матлабе дар бораи муносиботи Тоҷикистону Русия навиштааст, Путин дар Сочи ба Раҳмонов ваъда намуда буд, масъалаи муҳоҷирони аз ҳама ҳуқуқи оддитарини инсонӣ маҳруми тоҷик мавриди омӯзиши коршиносони кишвараш қарор хоҳад гирифт. Аммо пас аз як ҳафтаи мулоқоти Сочи ду бор тоҷиконро аз Русия депортатсия карданд. Муаллиф мутаҳаййир мондааст, ки ин амалро ба хотири санҷиши асаб ном ниҳад ё аз рӯи истеҳзо? Дар мақола ҳамчунин омадааст, тӯли 14 соли пас аз пошхӯрии Шӯравӣ Маскав нияти дар пешрафти иқтисоди Тоҷикистон саҳмгузориро надошту минбаъд низ ин имкониятро пайдо намуданаш дар гумон аст.
Дар ҳамин ҳол, муаллифи як матлаби «Одаму Олам» вазири дифоъи Тоҷикистон ва се муовини ӯро арӯсак ва хидматгори Русия номидааст. Ӯ навиштааст, бар иловаи он ҳама мушкилоти вазорати дифоъ ва ҳоли сангини сарбозон дар ин ниҳоде, ки масъулияти ҳифзи Ватанро бар дӯш дорад, душманони амнияти кишвар фаъолият мебаранд. Муаллиф муовини вазир Латиф Файзиевро, ки масъули ақибгоҳ ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва ҳамчунин фармондеҳи нирӯҳои зудамалу фаврӣ будааст, соҳиби айнан ҳамин мансаб дар артиши Ӯзбакистон ном бурдааст. Тибқи ин навишта, якчанд масъулони дигари воломақоми вазорати дифоъ, яъне артиши миллии Тоҷикистон тоҷик набуда забони давлатии ин кишварро ба истилоҳи муаллиф баробари «забони ҷопонӣ» медонистаанд.
XS
SM
MD
LG