Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Ҷаҳонӣ лоиҳаи нави Тоҷикистонро тасдиқ кард


Бонки Ҷаҳонӣ як лоиҳаи ҳукумати Тоҷикистонро, ки кумак ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва тақсими дурусти обро дар назар дорад, тасдиқ кардааст. Ин тарҳ, ки таввасути Ассосиатсияи Байналмилалии Рушд, як узви Бонки Ҷаҳонӣ сармоягузорӣ мешавад, беш аз 19 миллион доллар арзиш дошта, қариб 11 миллион доллари он ҳамчун кӯмаки бебозгашт ба хоҷагиҳои Тоҷикистон дода мешавад. Тибқи иттилоъи Бонки Ҷаҳонӣ, ин барнома ба афзоиши ҳаҷми тавлидоти хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ҳамчунин беҳбуди вазъи иқтисодии деҳот мусоидат мекунад. Дар баёнияи Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчунин гуфта мешавад, ин барнома ҳамзамон бо афзоиш додани маҳсулоти кишоварзӣ имкон медиҳад, аз эрозия, ки дар заминҳои кишт бинобар истифодаи нодуруст ба вуҷуд меоянд, ҷилавгирӣ шавад.
XS
SM
MD
LG