Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Яраш Қурбонов аз ҳукумат кумак хостааст


Раиси Ҳизби Тоҷикистони Озод дар ғурбат, собиқ узви Шӯрои марказии Ҷамъияти узбекҳои Тоҷикистон Яраш Қурбонов, ки дар зиндони Тошканд ба сар мебарад ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Комисариати Созмони Милал дар умури паноҳандагон дар ин кишвар номаи саркушод ирсол дошта, тақозо намудааст, дар роҳи бозгашташ ба Тоҷикистон мусоидат кунанд.
Зери ин нома мӯҳри Ҳизби Тоҷикистони Озод гузошта шудааст. Номаи ӯро хонумаш Дилором Рӯзиева ба Душанбе оварда 16 июн ба идораҳои мазкур таслим кардааст.
Яраш Қурбонов, узви Фронти халқии Тоҷикистон, ки ҳомии хукумати Раҳмонов дар солҳои ноооромӣ буд, пас аз нокомии ҳамлаи полковник Маҳмуд Худойбердиев ба вилояти Суғд, шимоли Тоҷикистон соли 1998 ба Узбакистон фирор кард. Ҳамроҳи ӯ беш аз 2 ҳазор узбактаборони навоҳии Қабодиён, Шаҳритус ва манотиқи дигар ба Узбакистон рафтанд. Дилором Рӯзиева меафзояд, ба хотири дифоъ аз ҳуқуқи ин гурезаҳо Яраш Қурбонов дар Тошканд Ҳизби Тоҷикистони Озодро таъсис додааст. Аммо мақомоти марбутаи Тошканд то кунун ин ҳизбро сабти ном накардаанд.
Ба қавли хонуми ӯ вакте, ки Яраш Қурбонов хост ба Тоҷикистон баргардад ва аз канори Маҳмуд Худойбердиев раҳо шавад, шадидан мавриди пайгарди мақомоти амниятии Узбакистон қарор гирифт ва бо сабаби ин, ки бидуни шиноснома дар Тошканд ба сар мебарад, аз тарафи додгоҳи ин кишвар ба 8 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуд.
Дилором Рӯзиева мегӯяд, Яраш Қурбонов дар бораи ҳодисаҳои солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон ва аз ҷумла, оид ба ҳузури Тошканд дар ин ҳодисаҳо бисёр медонад. Аз ин рӯ, мақомоти Тошканд намехоҳанд, ки оқои Қурбонов ба Тоҷикистон баргардад.
Як масъули шӯъбаи номаҳои дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон Лутфия Вазирова гуфт, то ҳол бо имзои Яраш Қурбонов кадом мактубе ба шӯъбаи номаҳо нарасидааст. Аммо маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки номае аз номи раиси Ҳизби Тоҷикистони Озод дарёфт кардаанд ва феълан барои ошноӣ ва баррасӣ дар дасти раиси маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Ив Бергейн мебошад.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG