Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тасвиби тарҳи нави Қонуни интихобот


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе тарҳи ислоҳшудаи Қонуни интихоботи маҷлисро бо аксарияти оро тасвиб кард. Ҷиноҳи Ҳизби Коммунистӣ дар як якҷонягӣ бо намояндаи Ҳизби Наҳзати Исломӣ як тарҳи муштарак ва Ҳизби Халқӣ-Демократӣ (ҲХДТ), ки аксари курсиҳои порлумонро дар ихтиёр дорад, тарҳи дигари ислоҳоти қонуни интихоботро дар чанд моҳи пеш ба Маҷлис ироа карданд. Гуфта мешавад, дар натиҷаи баррасӣ ва музокироти тӯлонӣ аз ду тарҳи пешниҳодӣ як намунаи нисбатан такмилшуда бар мабнои ҳарду ин тарҳҳо ба тасвиб расидааст.
Ҷумъабой Сангинов - раиси ҷиноҳи (ҲХДТ) дар порлумон мегӯяд, аксари тағйроти воридшуда ба Қонуни интихоботи маҷлис бо назардошти меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ сурат гирифта ва умедвор аст, таҳрири нави қонун дар баргузории як интихоботи шафоф ва демократӣ дар соли ояндаи мелодӣ мусоидат кунад: "Бо қабули меъёрҳои нави системаи интихоботии Тоҷикистон, такмил ёфтани қонуни амалкунанда аз мадди назар бешубҳа дур нест ва имкониятҳои беҳтареро ба тарзи одилона, ба тарзи озод интихоб кардани вакилонро муҳайё месозад."
Баҳси ислоҳоти Қонуни интихоботи Маҷлиси Намояндагон аз як соли пеш оғоз шуда буд. Ва баъди часпу талошҳои тӯлонӣ билохира бо мусоидати раиси ҷумҳури Тоҷикистон баррасии тарҳҳои пешниҳодшуда дар Маҷлиси Намояндагон бо ширкати роҳбарони аҳзоби сиёсӣ сурат гирифт ва натиҷаи он зимни як протокол ба шӯрои маҷлис ироа шуд. Вале дар чор рӯзи пеш намояндагони аҳзоби ширкаткунанда дар музокироти порлумонӣ бо ирсоли як нома ба унвони раиси ҷумҳур аз сарфи назар шудани пешниҳодоташон дар мавриди нукоти усулии тарҳи қонун изҳори нигаронӣ карданд ва хостори мудохилаи дубораи раиси ҷумҳур дар амри ислоҳоти қонун шуданд.
Аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла хостори ворид кардани намояндагони аҳзоб ба ҳайъатҳои раъйшуморӣ, таъмини варақаҳои раъй ба воситаҳои эътимод, коҳиши миқдори замонатпулӣ барои сабти ном ва тағйирот дар наҳваи навиштани протоколи натиҷаи раъйшуморӣ гашта буданд. Шодӣ Шабдолов - раиси ҷиноҳи коммунистӣ дар Маҷлиси Намояндагон мегӯяд, аксари ин масоил ҳалли худро пайдо кардааст: "Дахолати ҳар гуна мақомот ба интихобот, ба ҷараёни овоздиҳӣ, ба ҷараёни сабти номзадҳо акнун манъ шуд. Пештар бюлетенҳоро дар ҳар матбааҳои маҳаллӣ ва аз ҷумла тақаллубӣ нашр мекарданд, дигар ин аз байн меравад, танҳо дар марказ нашр мешаванд бюлетенҳо." Аммо Насриддин Саидов - намояндаи Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар Маҷлиси Намояндагон мегӯяд, агарчанд аксари пешниҳодоти аҳзоби сиёсӣ мадди назар гирифта шудааст, вале бархе пешниҳодоти усулӣ сарфи назар шудааст. Ӯ мегӯяд: "Ду моддае, ки онҳо ба гузаштани интихобот бисёр таъсир доранд, мутаасифона онҳо қабул нашуданд. Мо пешниҳод кардем, дар моддаи 15-ум, ки дар участкаҳо ҳатман намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ бошанд, чунки мо аз таҷриба медонем, ки ҳама тақаллубкориҳо дар аслан дар участкаҳо рӯй медиҳанд. Ва дуввум чизе, ки мо пешниҳод кардем ва он қабул нашуд, ин вобаста ба моддаи 46 буд, дар робита ба додани протоколҳо ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ дар вақти ҷамъбасти интихобот."
Акнун бар асоси муқаррароти қабули қонунҳои конститутсионӣ бояд қонуни интихобот дар Маҷлиси Миллӣ низ тасвиб ва баъди он барои таъйиди раиси ҷумҳур ирсол шавад.
Раҳматкарими Давлат аз Душанбе
XS
SM
MD
LG