Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як маъмури интизомӣ бо 61 кило ҳероин


Шеравлиё Мирзоавлиёев - сарвари Оҷонси назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар вилояти Суғд рӯзи 15 июн дар мусоҳибаи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, нисбати ронандаи додситонии низомии Суғд - Мурод Саидов бо иттиҳоми қочоқи миқдори бузурги ҳероин парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Генерал Мирзоавлиёев афзуд, Мурод Саидов - корманди додситонии низомии Суғд ахиран зимни як амалиёти вижа аз ҷониби кормандони Оҷонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири вилоят дар дидбонгоҳи мавзеъи Деҳмой, 10 километрии ҷануби Хуҷанд ҳангоми интиқоли 61 кило ҳероин дар мошини сабукрав боздошт шудааст.
Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, зимни боздошт аз ҷайби прапоршик - Мурод Саидов як шаҳодатномаи хидматӣ дарёфт шудааст, ки мақоми ӯро сарвари озмоишгоҳи криминалии додситони низомии Суғд нишон медиҳад. Аммо ҷараёни баъдии тафтишот сохта будани он ҳуҷҷат ва танҳо ба ҳайси ронанда дар додситонии низомӣ адои вазифа намудани Мурод Саидовро муайян кардааст.
Генерал Мирзоавлёев гуфт, корманди додситонии низомии Суғд ҳангоми интиқоли маводи мухаддир аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Чкаловск, боздошт шудааст. Вале дар бораи ҷараёни боздошти ин қочоқбари ҳероин Нарзулло Дадобоев - сухангӯи ҳукумати Суғд, субҳи 15 июн дар нишасти хабарӣ барои рузноманигорон чунин иттилоъ дод: «Дар вақти аз назаргузаронӣ, бо ёрии саги хидматӣ бо номи Филя дар багажи автомобили Муроди Саидов дар ду сумкаи сиёҳ 63 бастаи ҳероин, бо вазни 61 кило дарёфт ва мусодира шудааст.»
Бодошти ронандаи додситонии низомии Суғд дар ҳолест, ки давоми 5 моҳи сипаришудаи соли равон ҳади аққал 6 корманди ниҳодҳои пешгирикунанда аз қочоқи маводи мухаддир, ба шумули Холиқ Зокиров - сарвари пешини бахши Оҷонси назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар шаҳри Панҷакент, як корманди идораи гумрук, як корманди интизомӣ ва як корманди ширкати ҳавоии Тоҷикистон, бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир боздошт шуда, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.
Шеравлиё Мирзоавлиёев - сарвари Оҷонси назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар вилояти Суғд афзуд, дар ҳоли ҳозир тафтишоти парвандаи ҷиноии Мурод Саидов - ронандаи додситонии низомии Суғд шурӯъ шудааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз шаҳри Хуҷанд
XS
SM
MD
LG