Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чехия омодаи сармоягузорӣ ба Сангтӯда аст


Ҳукумати Ҷумҳурии Чех ҷиҳати иштирок дар консорсиуми муштараки бунёди нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда воқеъ дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст. Салоҳиддин Насриддинов - муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ҳукумати Чехия бо ирсоли як нома унвонии вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон хостааст, ки барои мушорикати ин кишвар дар консорсиуми бунёди нирӯгоҳи Сангтӯда мусоидат кунад: "Бо як мактуб ба мо муроҷиат кардаанд, ки барои ворид шудани ҷониби чехӣ ба сохтмони нирӯгоҳи Сангтӯда кӯмак расонанд. Яъне онҳо изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар ин сохтмон ширкат кунанд."Ҷаноби Насриддинов гуфт, масъалаи мушорикати Чехия ба консорсиуми мазкур замони мусофирати вазири умури хориҷаи ин кишвар дар соли гузашта ба Душанбе ва ҳамчунин зимни як сафари ҳайъати коршиносони вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ба Прага дар моҳи феврали соли равон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта буд. Аммо афзуд оқои Насриддинов, дар ҳоли ҳозир ҷузъиёти шароит ва наҳваи мушорикати ҷониби чехӣ дар ин консорсиум рӯшан нашудааст.
Гуфтанист консорсиуми муштараки бунёди нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда таҳти сарпарастии Ирон дар як соли пеш ташкил шуда ва давлати Ирон барои сохтмони ин нирӯгоҳ 25 миллион доллар ихтисос додааст. Маблағи умумие, ки Ирон ба сифати сарпарасти консорсиуми мазкур барои бунёди нирӯгоҳи Сангтӯда дархост кардааст, 360 миллион доллари амрикоиро дар бар мегирад. Ва ин кишвар эълом карда буд, ки дар ҳоли ҳозир чунин маблағро дар ихтиёр надорад ва ҳар кишвар ва ё созмоне, ки мехоҳад, метавонад дар ин консорсиум ҳамроҳ шавад.
Ахиран ҳукумати Русия низ эълом дошт, ки дар консорсиуми мазкур ширкат хоҳад кард. Ва бад-ин манзур Русия пешниҳод кардааст, ки аз ҳисоби қарзҳои доштааш болои ҳукумати Тоҷикистон 50 миллион доллар барои бунёди нирӯгоҳи Сангтӯда масраф шавад.
Салоҳиддин Насриддинов - муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, дар нишасти кишварҳои узви консорсиуми мазкур Ирон, Точикистон ва Русия, ки қарор аст, дар моҳи августи соли равон дар Душанбе баргузор шавад, пешниҳоди ҳукумати Чехия мавриди омӯзиш ва шароити иштироки ин кишвар мушахас хоҳад шуд.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG