Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ суханони "Нерӯи Сухан"-ро хуш надорад


Додситонии кулли Тоҷикистон бо ирсоли як амрнома унвонии ҳафтаномаи мустақили "Нерӯи Сухан" тақозо кардааст, ки аз нашри матолиби ба қавли додситонӣ, муғойир ба Қонуни матбуот худдорӣ кунад.
Меъроҷиддин Ҳакимов - сардори раёсати додситонии кулли Тоҷикистон дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, чанд матолиби ахири "Нерӯи Сухан" ба шаъну эътибори раиси ҷумҳур, вакилони маҷлис ва мақомоти дигари давлатӣ латма ворид кардааст.
Вай афзуд:"Баъзе мақолаҳое, ки дар нашрияи "Нерӯи Сухан" чоп мешавад, онҳоро таҳлил кардем, азбаски онҳо бевосита ба барангехтани иғвои маҳалгароиву миллатгароӣ равона шудаанд, баъд шаъну шарафи шаҳрвандонро поймол мекунанд, ба ҳамин хотир ба унвони онҳо дар доираи ваколатҳои худамон амрнома додем. Ин ҷо натанҳо паст задани шаъни раиси ҷумҳур аст, дар ин ҷо барангехтани иғвои миллатгароӣ ҳаст, маҳалгароӣ ҳаст, баъд паст задани шаъну шарафи кормандони мақомоти давлатӣ, як худи раиси ҷумвур не, балки тамоми мақомоти давлатӣ мушоҳида мешавад."

Оқои Ҳакимов ҳамчунин гуфт, кормандони "Нерӯи Сухан"- ро аз мазмуни амрнома огоҳ карда ва ҳамроҳи Мухтор Боқизода, сардабир ва Ваҳҳоби Латиф - котиби масъули ин нашрия дар ин замина сӯҳбат анҷом додааст. Ба гуфтаи оқои Ҳакимов, ҳамчунин муаллифи яке аз матолиби интишоршуда бо номи "Мӯҳтарам президент эҳтиёт кунед" барои бозпурсӣ даъват ва дар қиболи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Муаллифи ин матлаб як тан аз аробакашҳои бозори марказии ноҳияи Фархор будааст.
Аммо Ваҳҳоби Латиф - котиби масъули "Нерӯи Сухан" ва яке аз ду корманди даъваташуда ба додситонӣ дар сӯҳбат бо мо гуфт, амрномаи додситонӣ ҳеҷ асоси воқеӣ надорад ва "Нерӯи Сухан" ҳама мавод ва матолиби ба нашр расонидаашро дар чавкоти қонун дарҷ кардааст: "Ба фикри мо, ба фикри умуман кормандони "Нерӯи Сухан" мо аз чаҳорчӯбаи Қонуни матбуот берун набаромадаем. Ва амрнома фиристодани прокуратураи генералӣ нодуруст аст ва ба фикри ман, як навъ фишороварӣ ба матбуоти озод мебошад."Дар ҳамин ҳол Меъроҷиддин Ҳакимов - сардори раёсати додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, дар сурати интишори такрории чунин матолиб додситонӣ ҳақ дорад, барои бозхонди муҷаввиз ва ё литсензияи "Нерӯи Сухан" ба вазорати адлия расман муроҷиат кунад. Аммо ин барои бори дуввум аст, ки нашрияи "Нерӯи Сухан" мавриди тафтиш ва бозрасии мақомоти додситонӣ қарор мегирад. Чанде қабл дар додситонии яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар асоси чанд матлаби дигари ин нашрия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, масъулони "Нерӯи Сухан" барои бозпурсӣ даъват шуда буданд. Қаблан низ мақомоти идораи андози Тоҷикистон ба иллати зикр накардани матбаа ва теъдоди нашр аз пахш ва тавзеъи шумораи солинавии ин нашрия ҷилавгирӣ карда буданд.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG