Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиаи Дараи Ниҳон, бохт ва ё бурди Тоҷикистон, 125 сол кор барои депутат шудан


Мавзӯъи аслии нашрияҳои ҳукумативу ҳизбӣ ва мустақили Тоҷикистон дар ин ҳафта натоиҷи вохӯрии Эмомалӣ Раҳмонов бо Владимир Путин дар Сочи буд. Натоиҷи ин мулоқот аз тарафи нашрияҳои ҳукуматӣ бобарору пурсамар арзёбӣ шудааст ва аммо ҳафтаномаҳои ғайриҳукуматӣ ин натиҷаҳоро бохти Душанбе номидаанд. Бо вуҷуди ба нафъи Русия анҷом пазируфтани гуфтушуниди сарони ду кишвар оид ба масоили пойгоҳи низомӣ, ҳимояи марз, қарзи Тоҷикистон аз Русия, маҷмааҳои назорати кайҳонӣ, ояндаи мушкилии иҷтимоии аслии Тоҷикистон, яъне муҳоҷирон номаълум боқӣ монд, натиҷагирӣ кардааст «Одаму Олам».
Ҳафтаномаи «Азия-Плюс» вохӯрии президентҳои Русияву Тоҷикистонро таърихӣ номида, навиштааст, он ба густариши муносибатҳои ду кишвар мусоидат хоҳад кард. Вале ба навиштаи «Азия-Плюс», дар ҳар ду давлат сиёсатмадороне ҳастанд, ки талош мекунанд, то монеъи қаробати ин ду кишвар гарданд ва дар ин роҳ бизнес ҳам мекунанд. Ҳафтанома Евгений Ройзманро аз ҷумлаи ин афрод ном гирифта муборизаҳои зиддитоҷиконаи ӯро кӯшише барои холӣ кардани майдони тиҷорати маводи мухаддир барои гурӯҳҳои ҷинояткори маҳаллӣ донистааст.
«Фоҷиаи Дараи Ниҳон» - «Рӯзи Нав» аз бадбахтиҳои тоҷикон дар Ӯзбакистон ёдовар шудааст. Дараи Ниҳон-як деҳаи тоҷикнишини Ӯзбакистон буда соли 2000 мардуми он бо баҳонаи вориди Ӯзбакистон шудани размандагони Ҷумъаи Намангонӣ ба биёбон кӯчонида шуда буданд. Пас аз он ки мардум ба сарони вилояти Сурхондарё аз вазъи тоқатнопазири зиндагӣ дар маҳалли нав шикоят бурдаанд, ҳукумати Ӯзбакистон ба ҳабси сартосарии мардони аз ҳабдаҳсола боло пардохтааст. Муаллифи навишта бо номи мустаори Фаридуни Фарҳангӣ, фоҷиаи ин мардумро идомаи генотсиди тоҷикон дар Ӯзбакистон номидааст.
Дар баробари муносиботи Тоҷикистону Русия ва тақдири тоҷикони берун аз Тоҷикистон, интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонӣ аз саҳифаҳои нашрияҳои мустақил берун намемонад. Раҳматулло Зойиров-раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар навиштааш дар «Рӯзи Нав» пешниҳоди ҳизби ҳоким оид ба пардохти пулии номзадонро сирф ғайриқонунӣ ва ҷиноят арзёбӣ кардааст. Тибқи ин пешниҳод номзад ба вакили Маҷлиси Намояндагон пеш аз бақайдгирӣ бояд аз кисаи худ ба суратҳисоби комиссияи марказии интихобот ба миқдори 1.500 музди меҳнати ҳадди ақал пардохт намояд. Раҳматулло Зойиров навиштааст, агар шахс маоши ҳадди ақаллашро бо ин ҳадаф ҷамъ намояд, барояш 125 сол лозим мешавад. Муаллифи матлаб ин пешниҳодро хилофи як қатор моддаҳои Сарқонуни Тоҷикистон номидааст.
«Одаму Олам» дар идомаи мавзӯъи интихоботи порлумонӣ навиштааст, аъмоли роҳбарони баъзе вилоятҳову навоҳӣ ва сохторҳои давлатӣ, ки ҳамагӣ узви ҳизби халқӣ-демократӣ ҳастанд, мардуми оддиро аз ҳизби ҳоким дилсард мекунад. Муаллифи матлаб, аз ҷумла роҳбари аввали вилояти Хатлон, ё ба истилоҳи худаш «шоҳи мутлақи Хатлон» ва 80 дарсади порлумони кишварро мушаххасан мисол овардааст, ки эътибор ва шаъну шарафи ҳизби халқӣ-демократиро коҳиш медиҳанд.
Зуҳури пайғамбарони нав ва имкони аз рисолати худ ба истилоҳ «башорат» додани боз ҳам афроди дигар дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» баррасӣ шудааст. Маҳмадалии Мақсадулло - муаллифи мақола навиштааст, Шариф Абдурасулов, ки худро пайғамбар эълом доштааст, Абдураҳмон Бобоев, ки Қуръонро бо «Майн Кампф» баробар кардааст ва Олим Ғафуров, ки китоби муқаддаси мусалмононро дурӯғин номидааст, ҳар се бандагони шайтон буда бо дастнишондоду маблағгузории созмоне миёни мардуми муслим иғво меангезанд.
XS
SM
MD
LG