Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мурофиаи Саодат Қодирова шурӯъ шуд


Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахти Тоҷикистон 10 июн баррасии парвандаи Саодат Қодирова сокини шаҳри Душанбе, ки бо ҷурми узвият дар "Ҳизб-ут-Таҳрир" айбдор мешавад, шурӯъ намуд. Бар асоси хабари шӯъбаи милитсияи ноҳияи Фирдавсӣ, дар авоили моҳи апрели соли равон дар кӯчаи Чернишевскийи маҳаллаи Южнии пойтахти ин кишвар аз тарафи як гурӯҳи кормандони умури дохила Саодат Қодирова дар манзили зисташ бо теъдоде адабиёти марбут ба "Ҳизб-ут-Таҳрир" боздошт ва ба ҳабсхонаи пешакии шӯьбаи ҳамин ноҳия оварда шуд.
Раиси додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ Сайфулло Гиёев, ки раёсати мурофиаи хонум Қодироваро ба дӯш дорад, мегӯяд, бар асоси Қонуни ҷиноии Тоҷикистон вай дар ду маврид айбдор дониста шудааст, яке бар асоси моддаи 187, яъне ҳамкорӣ бо аҳзобу созмонҳои иртиҷоӣ ва дуввум ба моддаи 189 муттаҳам шудааст, ки эҷоди адоват миёни миллатҳо ва мазҳабҳо мебошад.
Аммо Саодат Қодирова аз замони боздошт то шурӯъи мурофиа аз хидмати вакили мудофеъ маҳрум будааст. Саодат Қодирова бо кӯшиши наздиконаш тавонистааст, танҳо дар оғози мурофиа вакили мудофеъ дошта бошад.
Носир Саъдуллоев, вакили мудофеи Саодат Қодирова мегӯяд, танҳо ҳамин рӯз бо хонум Қодирова тавонистааст сӯҳбат кунад ва бо парвандаи ӯ ошно шавад. Аммо бар асоси номае, ки Саодат Қодирова ба унвони созмонҳои байналмилалӣ ва расонаҳои хориҷии муқими Душанбе тавассути наздиконаш фиристодааст, худро ба ҳеҷ ваҷҳ узви ҳизби мамнӯъи таҳрир намеҳисобад. Дар ин номаааш эътироф намудааст, ки як зани диндор мебошад, аммо ба "Ҳизб-ут-Таҳрир" ҳеҷ робитае надоштааст.
Саодат Қодирова дар моҳи феврали соли равон ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва вазири адлияи кишвар Халифабобо Ҳомидов як номаи саргушод навишта, тақозои раҳоии ду бародар ва шавҳарашро намуд, ки дар зиндонҳои ҳукумат бо ҷурми ҳамкорӣ бо Ҳизби Таҳрир ба сар мебаранд.
Аммо баъд аз он, ки президент ва вазири адлия ба номаи ӯ посух надоданд Саодат Қодирова як номаи дигар ба унвони созмонҳои байналмилалӣ навишт.
Модари Саодат Қодирова мегӯяд, маҳз пас аз интишори ин нома аз тариқи расонаҳои хориҷӣ кормандони умури дохилаи Тоҷикистон ӯро боздошт карданд. Интизор меравад, рӯзи ҷумъа додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳукми худро дар мавриди парвандаи Саодат Қодирова эълон дорад.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG