Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси қонуни интихобот ба гуруҳи корӣ кучид


Таҳти раёсати Саьдулло Хайруллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуруҳи кории ин Маҷлис иборат аз 30 вакили мардум ба баррасии ду тарҳи алтернативии қонуни интихоботи кишвар шуруъ кардааст.
Раиси фраксияи ҳизби комунист дар Маҷлиси Намояндагон Шодӣ Шабдолов гуфт, ин гуруҳ бояд дар зарфи як ҳафтаи оянда аз ду тарҳи алтернативие, ки дар охирҳои ҳафтаи гузашта мавриди муҳокимаи депутатҳо ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ қарор дошт, тарҳи ягонаи қонуни ҷадиди интихоботро таҳия ва ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси Намояндагон барои тасдиқ пешниҳод кунад.
Оқои Шабдолов афзуд, дар ин марҳала намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба баҳсу баррасии ин қонун роҳ дода намешаванд.
Бо ин ҳол, аксари аҳзоби сиёсии мухолифи давлат, ки аз натиҷаи баҳси серуза дар ҳафтаи гузашта дар мавриди ду тарҳи алтернативӣ норозӣ ҳастанд, мегуянд, агар онҳо дар марҳалаи ниҳоии муҳокимаи тарҳҳои алтернативӣ, ки аз тарафи гуруҳи кории порлумон шуруъ гаштааст, ширкат накунанд, манофеъи аҳзоби мухолиф сарфи назар шуда, вакилон мувофиқи хостаи ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ расидагӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров гуфт, сафорати Иёлоти Муттаҳида ва намояндагиҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистонро даъват кардааст, ки барои роҳ ёфтани аҳзоби сиёсӣ ба муҳокимаи ниҳоии пешнависҳо мусоидат кунанд.
Оқои Зоиров мегуяд, натиҷаи серузаи баҳси аҳзоби сиёсӣ бо вакилон нишон дод, ки ҷониби ҳукумат ва худи вакилон ҷонибдори як қонуне, ки ба баргузории як интихоботи мунсифона ва демократӣ дар кишварро мусоидат кунад, нестанд.
Ба ин тартиб, моддаи 32 марбут ба пардохти маблағ, ки барои сабти номи номзадҳои мустақил 3 500 доллар ва барои аҳзоби сиёсӣ беш аз 100 000 долларро пешбинӣ кардаст, бидуни тағйир монд ва инро намояндагони аксари аҳзоби сиёсӣ як мониъаи ҷиддӣ дар роҳи пешниҳоди номзадҳои аҳзоб ва афроди алоҳида ба интихобот медонанд.
Ба қавли намояндагони аҳзоби сиёсӣ, он чизи мусбате, ки дар баҳси серузаи ҳафтаи гузашта ба даст омадааст, яке ин аст, ки дар ҳайъати комиссияҳои қитъавӣ ва ҳавзавӣ намояндагони аҳзоб метавонанд ширкат дошта бошанд ва дуввум ин, ки баргаҳои раъй танҳо дар як ҷой, ар Душанбе чоп карда мешавад.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG