Пайвандҳои дастрасӣ

Низомиён тарҳрезии дурусти буҷаи низомиро меомӯзанд


Бо мусоидати Пажӯҳишгоҳи танзим ва мудирияти захираҳои низомии Иёлоти Муттаҳида як давраи хоси омӯзишӣ барои роҳбарони ниҳодҳои молии вазоратхонаҳои қудратии Тоҷикистон ва Афғонистон дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Ин барнома бо баргузории як конфронс рӯзи душанбе, 7 июн шурӯъ шуд. Ҳадафи аслӣ аз ин иқдом омӯзиш ва пайдо кардани роҳҳои самарабахши истифодаи буҷа, масоили вобаста ба таъсис ва такмили буҷаи дифоӣ будааст. Ричард Ҳоугланд - сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон зимни суханоне дар ифтитоҳи ин нишаст гуфт: "Тоҷикистон ба унвони як кишвари соҳибистиқлол ниҳодҳои дифоӣ ва интизомии худро дорад ва дар айни ҳол аз имконот ва буҷаи бисёр маҳдуде бархурдор аст. Ва маҳз аз ин хотир Тоҷикистон ба омӯзиш ва дарёфти роҳҳои истифодаи самараноки буҷа ба манзури таъмини ниёзмандиҳои дифоии худ, зарурат дорад. Ва ҳадаф аз баргузории ин давраи омӯзишӣ ошноӣ бо таҷрибаи вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида аст, ки чӣ гуна буҷаи худро тарҳрезӣ мекунад ва мавриди истифода қарор медиҳад.Машғулиятҳои омӯзишӣ бо ширкати се тан аз мутахассисони Пажӯҳишгоҳи танзим ва мудирияти захираҳои низомии Иёлоти Муттаҳида доир мешавад ва то 10 рӯз идома хоҳад дошт.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG