Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рекорди нави Дилшод Назаров


Дилшод Назаров гурзпартои тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми Касанов" дар Алмаато гурзро ба масофаи 76 метру 26 сантиметр ҳаво дода, мақоми аввалро соҳиб шуд ва ҳамзамон бори дуюм меъёри муқаррарнамуда барои ширкат дар бозиҳои олимпии Афинаро пурра кард. Ҳамчунин Дилшод барои ин мусобиқа рекорди нав гузошт ва соҳиби ҷоизаи вижа гардид. Дар ин мусобиқа, ки рӯзҳои панҷум ва шашуми июн идома дошт, дастаҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон, Қазоқистон, Ирон, Сурия, Баҳрайн ва Русия оид ба варзиши сабук ширкат намуданд. Ба ҷуз Дилшод, ҳамчунин ба варзишгари 18-солаи тоҷик Аҷмал Амиров муяссар шуд, ки дар мусобиқаи давидан ба масофаи 1500 метр ҷойи дуюмро ба даст оварад. Дар байни дастаҳо, ки оид ба 39 намуди варзиш мусобиқа карданд, соҳибони майдон - варзишгарони Қазоқистон ва ҳамчунин Узбакистон хубтар ҳунарнамоӣ карда, соҳиби медалҳои бештар гардиданд. Ғайрат Неъматов - сармураббии дастаи Тоҷикистон оид ба варзиши сабук дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иброз дошт, ки баромади даста дар ин мусобиқа чандон муваффақ набуд, вале онро қабл аз мусобиқаи Ҷоми Осиё байни варзишгарони ҷавон чун омодагии ҷиддӣ метавон арзёбӣ намуд.
Вай гуфт: "Мо барои он ба ин ҷо омадем, ки ҳолати дастаро бисанҷем. Мақсади асосии мо иштирок кардан дар мусобиқаи Осиё байни ҷавонон аст, ки аз 12 то 16-уми июн дар Малайзия мегузарад. Мо мақсад дорем, ки ду се нафар аз шогирдони худро ба ин мусобиқа барем. Се нафарро мебарем ва умед дорем, ҷойҳои хубро сазовор мешаванд."
Насибҷон Амонӣ аз шаҳри Алмаато
XS
SM
MD
LG