Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон аз 31 май то 6 июн


ФЕҲРАСТИ МАТОЛИБИ ИН БАРНОМА:

Эмомалӣ Раҳмонов аз Владимир Путин хостааст, замони ҳузури марзбонони рус дар марзи Тоҷикистон бо Афғониcтонро то 2 соли дигар тамдид кунад. Ин ва ҷузъиёти дигари мулоқоти руъасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Русия дар Сочи.

Татбиқи ҳукми эъдом дар Тоҷикистон бо ҳукми парлумони ин кишвар ба таъвиқ омад. Чаро ҷомиаи ҷаҳонӣ пайгирона ва боисрор чунин қарорро аз давлати Тоҷикистон тақозо мекард?

Табиат кай аз мо интиқом хоҳад гирифт? Нигоҳе ба мушкилоти зистмуҳитии Тоҷикистон дар пасманзари рузи ҷаҳонии муҳити зист, ки низ дар ин ҳафта буду гузашт.

Ва дар гушаи "Чеҳраи Ҳафта" достони Нисо, як духтари ранҷури тоҷик, ки бо гурдаҳои сунъӣ дар як бемористони Маскав дар интизории гурдаҳои бадалӣ ба сар мебарад.


Гармтарин саломҳо ба шунавандагони азизи гуфторҳои тоҷикии Родиёи Озодӣ. Мирзои Салимпурам бо нашри навбатии маҷаллаи "7 Рузи Тоҷикистон" ва бо кушишҳое барои натиҷагирии чанде аз таҳаввулоти муҳими ин кишвар дар зарфи ҳафтае, ки гузашт.
"7 Рузи Тоҷикистон"-ро тибқи маъмул аз чашмандозе ба сархати ахбори муҳими ин ҳафта шуруъ мекунем.
Чашмандозе аз ҳамкори мо Хиромони Бақозода.

АХБОР

Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта бо иттифоқи оро тарҳи қонун дар бораи ба таъвиқ андохтани иҷрои ҳукми эъдомро дар кишвар қабул кард. Тарҳи ин қонун аз суи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба парлумон пешниҳод шуда буд.
Қонуни ҷиноии Тоҷикистон феълан дар 5 маврид ҳукми қатлро пешбинӣ мекунад.

Созмони Милал (СМ) Тоҷикистонро ҳамроҳ бо 7 кишвари дигар шомили барномаи рушди ҳазорсолааш кардааст. Саҳми Тоҷикистон дар ин барнома дар ин ҳафта дар як мулоқоти видиёии президент Эмомалӣ Раҳмонов бо мушовири хоси дабири кулли СМ Ҷефри Сакс баррасӣ шудааст.
Як ҳайъати дигари СМ, ки ин ҳафтаро дар Тоҷикистон ба сар мебурд, ба манзури саҳм гирифтан дар иҷрои барномаи фақрзудоии давлати Тоҷикистон бо мақомоти ин кишвар як ёддошти тафоҳум имзо кардааст.

Амрико бо 5 кишвари Осиёи Марказӣ як созишномаи тиҷоративу сармоягузорӣ имзо кардааст.
Зери ин қарордод дар Вошингтон намояндаи тиҷоратии Ийолоти Муттаҳида Роберт Зеллик ва сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла сафири Тоҷикистон дар Амрико Ҳамроҳхон Зарифов имзо гузоштаанд.
Ин созишнома шароити ҷалби сармояи Амрико ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказиро муқаррар мекунад.

Як ҳайъати муштараки Амрикову Иттиҳоди Аврупо ба хотири баррасии масоили марзӣ барои як ҳафта ба Душанбе омадааст. Ин ҳайъат роҳҳои кумак ба марзбонони тоҷик дар марҳалаи аз таҳти масъулияти марзбонони рус хориҷ шудани ҳифозати марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистонро хоҳанд омухт.
Ҷониби Амрикоро дар ин ҳайъат раҳбари бахши Осиёи Марказии вазорати хориҷаи он кишвар Ҷон Фокс ва намояндагони Иттиҳоди Аврупоро раҳбари кумиссиюни назорати марзии СМ Элен Сколан раҳбарӣ мекунанд.

Мушовири иқтисодии президенти Тоҷикистон Файзуллоҳ Холбобоев дар ин ҳафта гуфт, шумораи мардуми бекор дар ин кишвар 500 000 нафарро ташкил медиҳад.
У афзуд, аз ин шумора ҳар сол ҳудуди 350 000 нафар дар пайи ёфтани ризқу рузӣ ба кишварҳои хориҷӣ ва умдатан ба Русия муҳоҷират мекунанд.
Оқои Холбобоев мегуяд, бори гарони қарзҳои хориҷӣ ва афзоиши шумораи аҳолӣ ҳама натоиҷи рушди иқтисодии Тоҷикистонро барбод медиҳанд ва ба ҳамин далел рушди иқтисодӣ қодир нест ба коҳиши мизони фақри аҳолӣ дар кишвар мусоидат кунад. Аммо, афзуд мушовири президент, иҷрои барномаи давлатии фақрзудоӣ мизони фақрро тайи 3 соли охир аз 83 дарсад то 68 дарсад пойин овардааст.

Дар ин ҳафта нахустин мошин тавассути гузаргоҳи бозшуда дар ағбаи Қулма аз марзи Тоҷикистону Чин гузашт. Бори ин мошин, ба гуфтаи мақомоти гумрукии Бадахшон, аз 3 минибуси ҳар кадомаш дорои 7 ҷойи нишаст, 61 яхдони хурд, зарфҳои шишагин, пушоки кудакона ва телевизори ранга иборат будааст.
Соҳиби бори ин мошин тоҷири душанбегӣ Дилшод Давлатов гуфтааст, роҳи Қулма назар ба роҳе, ки аз қаламрави Қазоқистон ба Чин мебарад, ду маротиба кутоҳтар буда, ҳамлу нақли коло тавассути ин масир барои тоҷирони тоҷик бо 25-30 дарсад ҳазинаи камтар тамом хоҳад шуд.

Додситонии вилояти Суғд бар зидди Турсунбой Урунов ва Бахтиёр Очилов, сокинони навоҳии Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафурови ин вилоят бо иттиҳоми қочоқу истисмори афрод парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Мақомот мегуянд, ки ин ду муттаҳам як гуруҳи 24-нафарии ҷавонони суғдиро барои кор ба шаҳри Маскав, пойтахти Русия бурда, дар он ҷо ҳар кадоми онҳоро дар ивази 100 доллар ба корфармоён фурухтааст.

Ағбаи Анзоб, танҳо масири иртибот байни манотиқи шимол ва марказу ҷануби Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта барои ҳаракати нақлиёт расман боз шуд.
Роҳи Анзоб танҳо дар фасли гармо фаъол буда, дар бақия мавсимҳои сол равуои мардум ва ҳамлу нақли коло бо шимоли Тоҷикистон бо мушкилоти зиёд ва умдатан тавассути роҳи оҳане сурат мегирад, ки аз қаламрави Узбакистон мегузарад.
Давлати Тоҷикистон акнун бар пояи сармоягузории Эрон дар садади шуруъи дубораи сохтмони нақби “Уштур” аст, ки дар сурати сохта шуданаш як роҳи доимии иртибот байни пойтахт, шаҳри Душанбе ва вилояти Суғдро таъмин хоҳад кард.

Ва шаҳрдории шаҳри Душанбе дар ин ҳафта ноҳияи Роҳи Оҳани пойтахтро ба ноҳияи Шоҳмансур табдили ном кард.
Қаблан се ноҳияи дигари шаҳри Душанбе низ номҳои меросӣ аз даврони шуравии худро табдил кард. Бар асоси он, ноҳияи Октябр - Исмоили Сомонӣ ва Фрунзе - Ибни Сино ном гирифта, ноҳияи Марказӣ ба исми Фирдавсӣ гузошта шуда буд.

ПОЁНИ АХБОР


Ташаккур ба Хиромони Бақозода барои ёдоварии сархати ахбори муҳими ин ҳафта.
Ва акнун аз ҷузъиёт суҳбат хоҳем кард ва нахуст аз ҷузъиёти мулоқоти руъасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Русия дар Сочи, ки ҳануз пеш аз доир шуданаш ҳадди ақал барои Тоҷикистон мулоқоте сарнавиштсоз талаққӣ мешуд.


МУЛОҚОТ ДАР СОЧИ

Сергей Приходко, ёвари президенти Русия Владимир Путин дар пайи ин мулоқоти якбаяк, ки якуним соат тул кашидааст, ба хабарнигорон гуфт, Эмомалӣ Раҳмонов аз ҳамтои русаш хостааст, замони ҳузури нируҳои марзбони Русия дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро то охири соли 2006 тамдид кунад.
Сергей Приходко гуфт, ин дархости президент Раҳмонов акнун аз тариқи музокироти гуруҳҳои кории Тоҷикистону Русия баррасӣ хоҳад шуд.
Эмомалӣ Раҳмонов дар мулоқот бо Владимир Путин қочоқи маводи мухаддирро як манбаъи аслии таъмини молии фаъолияти гурӯҳҳои ифротиву террористӣ номида гуфт, дувуним баробари дигар афзудани тавлидоти маводи мухаддир дар Афғонистон баъди шуруъи маъракаи ҷаҳонии зиддитеррор дар он кишвар қобили фаҳм нест.
Владимир Путин дар посух ба ин иддаои оқои Раҳмонов гуфт, ин масъаларо ҳам онҳо ҳатман гуфтугу хоҳанд кард.
Ёвари Владимир Путин Сергей Приходко баъдан гуфт, шакли ҳузури нируҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон аз ин ба баъд тағйир ёфта, як гурӯҳи фаврии марзбонӣ ташкил хоҳад шуд, ки дар роҳи муқобила бо қочоқи маводи мухаддир, вуруди гурӯҳҳои ҷангӣ ва масоили дигар бо марзбонони тоҷик муштаракан фаъолият хоҳад кард.
Сергей Приходко гуфтааст, ҳамзамон бо ин барномаи давра ба давра дар ихтиёри марзбонони тоҷик гузоштани масъулияти ҳифозати марз бо Афғонистон идома мекунад. Манобеъи русӣ мегуянд, бояд акнун дар ивази созишномаи марзии соли 1993 як қарордоди нав таҳия ва имзо шавад.
Тоҷикистон дар мулоқоти Сочи ҳамчунин розӣ шудааст, маркази назорати кайҳонии "Окно"-и Норак таҳти моликияти Русия қарор бигирад.
Тавофуқи дигари ду раисиҷумҳур бар сари наҳваи таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба даст омадааст ва тибқи он, ҷониби Тоҷикистон розӣ шудааст, қаламрави ин пойгоҳ ва машқгоҳҳои низомии марбут ба артиши Русияро ба таври ройгон ва бемуҳлат дар ихтиёри Русия гузорад.
Мақомоти Маскав мегуянд, имкон дорад расми ифтитоҳи ин пойгоҳи низомӣ дар охири соли равон зимни сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон баргузор шавад.
Владимир Путин, ки ризоияташ аз натоиҷи мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмоновро пинҳон намекард, бо ситоиш аз нақш ва аҳамияти Тоҷикистон барои Русия дар Сочи гуфт: "Мо ба Тоҷикистон ҳамчун ба шарики стратегӣ ва мутаффиқи худ нигоҳ мекунем."
Тааҳҳуди дигари бадастомада дар Сочи бар сари қарзи давлатии Тоҷикистон аз Русия аст, ки ҷониби Маскав онро 299 милён доллар ҳисоб кардааст.
Қарор шудааст, Тоҷикистон як бахши ин қарзро бидуни пардохти фоизҳо сарфи ҳазинаи сохтмони ниругоҳи Сангтуда карда, баъди сохта шудани ин ниругоҳ қарзи Русияро бо саҳмияҳои ГЭС-и Сангтуда пардохт кунад.
Аммо манобеъи ИТАР-ТАСС дар ҳукумати Русия гуфтаанд, ки агар ҷониби Тоҷикистон қарзҳои Русияро дар сохтмони Сангтуда масраф накунад, мукаллаф мешавад ба пардохти фоизи он қарз идома диҳад. Ин манобеъ мегуянд, давлати Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти сахти молиаш фоизи қарзи Русияро саривақт мепардохт ва аз ҷумла қарор аст, пардохти навбатии фоизи ин қарз 15 июл сурат бигирад.
Эмомалӣ Раҳмонов дар ин зимн ба зарурати тақвияи бештари ҳамкориҳои Маскаву Душанбе дар соҳоти иқтисодӣ ва ба вижа дар риштаи энержӣ таъкид кард ва дар Сочи байни ду президент дар ин бора як гуфтугу ҳам сурат гирифт.
Таври маълум, ширкати РАО ЕЭС, бузургтарин ширкати давлатии барқи Русия тибқи як тавофуқ солона дар мавсими тобистон бояд аз Тоҷикистон ҳудуди якуним миллиард киловатт-соат нируи барқ бихарад. Ҳамин корхона, ба гуфтаи оқои Путин, акнун мукаллаф мешавад дар кори сохтмони ду ниругоҳи Тоҷикистон низ ба таври фаъолтар саҳм бигирад.
Владимир Путин гуфт, табдили молу коло байни Тоҷикистону Русия дар соли гузашта 40 фоиз ва тайи семоҳаи аввали соли равон боз 55 дарсади дигар афзудааст, вале Тоҷикистон аз лиҳози ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Русия аз ҳамсоякишварҳояш - Қазоқистону Узбакистон ва ҳатто аз Қирғизистон ҳамчунон ақиб мондааст.

Хуб ин буд, чанде аз ҷузъиёти дастрасшудаи суҳбатҳои Эмомалӣ Раҳмонов ва Владимир Путин дар Сочи ва тааҳҳуди Тоҷикистон Русия дасти кам дар 4 масъалаи усулӣ:
1. То охири соли 2006 тамдид кардани замони ҳузури нируҳои мразбони Русия дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, ки акнун аз тариқи гуруҳҳои корӣ бояд машварат шавад.
2. Истифодаи ройгони қаламрави Тоҷикистон барои истиқрори пойгоҳи низомии Русия дар ин кишвар.
3. Ба моликияти Русия табдил додани маркази назорати кайҳонии "Окно" дар Норак.
4. Тавассути саҳмияҳои ниругоҳи Сангтуда ба Русия пардохта шудани 299 милён доллар қарзи давлатии Тоҷикистон.


Ҳар ду ҷониби Душанбеву Маскав натоиҷи дидори руъасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Русияро мусбат ва худи мулоқоти Сочиро пурмаҳсул баҳо мекунанд. Вале феълан танҳо гузаштҳои ҷониби Тоҷикистон ба Русия маълум шудаву ҳануз маълум нест, ки Душанбе дар иваз аз Русия ба ҷуз аз ин ваъда, ки "Русия ба Тоҷикистон ҳамчун ба як шарики муҳим ва муттаҳиди стротегиаш нигоҳ мекунад", амалан чӣ хоҳад гирифт?
Мо ба баҳси ин додуситадҳои байни Душанбеву Маскав дар барномаи оянда ҳатман боз хоҳем гашт.

МОРАТОРИЙ БА ҲУКМИ ЭЪДОМ ДАР ТОҶИКИСТОН

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар ин ҳафта, тавре аз ахбор ҳам шунидед, пешниҳоди президент Эмомалӣ Раҳмонов дар бораи мутаваққиф сохтани иҷрои ҳукми эъдомро бо иттифоқи оро пуштибонӣ кард. Бар асоси ҳамин қарор, дар мавриди таъйини ҳукми қатл ҳам мораторий эълон мешавад.
Президент Раҳмонов ҳануз дар 30 апрел дар паёми солонааш ба парлумон аз чунин ибтикор хабардор карда буд. Баъдан ҳам тарҳи ин қонун аз суи президент ба Маҷлиси Намояндагон ироа шуд ва Маҷлис ҳам, тавре дида мешавад, дар баррасии ин масъала ҳамаро зиёд маътал накард.
Шермуҳаммад Шоев, намояндаи раисиҷумҳур дар парлумон зарурати чунин иқдом барои давлати Тоҷикистонро аз забони президент Раҳмонов чунин баён намуд: "Сарчашмаи асосии тавлид шудани ин пешниҳод ва таҳия гардидани ин қонун аз он иборат мебошад, ки соли гузашта баъди ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он ҳамчун арзиши олӣ эътироф карда шуд ва бо дарназардошти таҷрибаи аксар кишварҳои давлати дунё, ки аз қонунгузории худ ин намуди ҷазоро хориҷ кардаанд, ё ин ки доир ба ин намуди ҷазо мораторий эълон кардаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо ҳамин роҳ пеш меравад. Қонуне, ки имрӯз парлумони кишвар қабул кард, маънои онро дорад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои қатл татбиқ карда намешавад ва нисбати таъйин кардани ин намуди ҷазо мораторий эълон карда мешавад."
Қонуни ҷиноии Тоҷикистон феълан татбиқи ҳукми қатлро дар 5 маврид - куштор, терроризм, таҷовуз ба номус, геносид ва биосид нигоҳ доштааст, вале оқои Шоев мегуяд, таъйини ин навъи ҷазо аз ин ба баъд таҳти мораторий қарор хоҳад гирифт.
Акнун ҳукми эъдом ба 25 соли зиндон иваз мешавад, вале Шермуҳамамад Шоев, намояндаи раисиҷумҳур дар парлумони Тоҷикистон мегуяд, дар оянда масъалаи боқӣ гузоштан ё нагузоштани ин 5 мавриди ёдшуда дар қонуни ҷиноии кишвар ҳам ҳатман баррасӣ хоҳад шуд
Мораторийи қабулшуда ба татбиқу иҷрои ҳукми эъдом дар Тоҷикистон натиҷаи фишорҳои пайгиронаи созмонҳои байналмилалӣ буд ва ин ҳам гуфтанист, ки раҳбарияти кишвар ба далели шароити баъдиҷангии Тоҷикистон то кунун ба ин фишорҳо сарсахтона мухолифат мекард.
Шерхон Салимов, узви кумитаи қонунгузории Маҷлиси Намояндагон мегуяд, вазъият акнун дигар шудаву зарурати вуҷуди ҳукми эъдом дар Тоҷикистон ҳам акнун аз байн рафтааст: "Аз нигоҳи ман ҳукми ҷазои қатл ҳам марҳалаи худро дошт ва он роли худро бозӣ кард ва имрӯз ҷамъият бисёр хуб ба эътидол ҳам омадааст ва таърихи тамаддуни башар гувоҳ аст, ки хеҷ вақт танҳо бо роҳи ҷазо, танҳо бо роҳи пурзӯр намудани зӯроварӣ пеши роҳи ҷинояткорӣ ва ҳар гуна қонуншиканиро гирифтан мумкин нест. Мувофиқи қонунҳое, ки мо имрӯз қабул кардем, татбиқи ҷазои қатл аз рӯи ин ҷиноятҳо ҳам боздошта шуд ва дигар татбиқ карда намешавад."
Як ниҳоде, ки дар мавриди таъйини ҳукми эъдом бештар аз ҳама ниҳодҳои дигари додгоҳӣ салоҳият дошт, Додгоҳи Олии Тоҷикистон буд. Аммо Аббос Фақиров, қозии Додгоҳи Олӣ мегуяд, бо беҳбуди вазъи ҷиноӣ дар Тоҷикистон ҳукми қатл аҳамияти пешинашро аз даст додааст. У афзуд, қонуни нав ҳукми бозгашт дорад ва онҳоеро ҳам фаро хоҳад гирифт, ки пештар ҳукми қатл гирифтаанд.
То ҳол он мақомоти Тоҷикистон, ки аз бақои ҳукми эъдом ҳимоят мекарданд, чунин далел ҳам пеш меоварданд, ки ҷомиаи ин кишвар барои лағви ҳукми эъдом омода нест ва пеш аз он ки чунин иқдом сурат бигирад, бояд тафаккури иҷтимоиро куллан тағйир дод. Дар як суҳбати телефонӣ аз Лилия Захарева, намояндаи дафтари сулҳи СМ дар Тоҷикистон ман ҳам пурсидам, ки фалсафаи манъи ҳукми қатл, ки аз кишварҳо тақозо мешавад, ба сари худ чӣ маънӣ дорад ва онро ба як шаҳрванди оддӣ чӣ гуна метавон ташреҳ кард?

Лилия Захарева, намояндаи дафтари сулҳи СМ дар Тоҷикистон: "Ба ҳар сурат, ин ба эътибори Тоҷикистон хоҳад афзуд, чунки Тоҷикистон дар радифи кишварҳое қарор мегирад, ки ҳукми қатлро бекор кардаанд. Ва онҳо асосан кишварҳои демократианд. Ман инро як иқдоми башардустона ва иқдоме дар роҳи рушди ҷомиаи демократӣ меҳисобам. Сиёсати СМ ҳам мухолиф бо ҳукми эъдом аст. Ва Милали Муттаҳид аз ҳамаи кишварҳо даъват мекунад, протоколи иловагии Паймони ҳуқуқи шаҳрвандиву сиёсиро низ имзо кунанд.
Яъне ин як қадами мусбат дар роҳи рушди Тоҷикистон аст.
Албатта, агар назари ҷомиа пурсида мешавад, ҷомиаи бисёре аз кишварҳо аз бақои ҳукми қатл ҳимоят хоҳад кард. Вале ин масъалаи афкори ҷомиа нест. Дар ин масъала бояд давлат бо ҷалби ҳуқуқдонону коршиносоне, ки чӣ будани ҳукми эъдомро медонанд, тасмими сиёсӣ бигирад.
Аз ин ру аксари кишварҳо чунин қарорро дар сатҳи раҳбарияти сиёсӣ ё парлумонӣ содир мекунанд.
Намедонам, шояд қисмате аз аҳолӣ чунин ҳам шуморад, ки ин кор лозим нест ё бигуяд, ки мо ҳануз омода нестем. Вале ин далел шуда наметавонад.
Албатта, баҳсу гуфтугу руи ин масъала бояд бошад, то мардумро ба зарурати манъи ҳукми қатл мутақоид созад. Ва бунёди Сорос як чунин анҷуманеро дар назар гирифтааст.
Фалсафааш ҳам ҳамин аст, ба назарам. Бераҳмӣ ба касе лозим нест. Як бераҳмӣ ҳатман мунҷар ба бераҳмиҳои дигар хоҳад шуд. Ва исбот шудааст, ки ҳукми қатл ба коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ мусоидат намекунад. Ин фақат як навъ бераҳмиест, ки ба сатҳи сиёсати давлатӣ бароварда шудааст ва ҳатто агар лағв шавад, аз эътибори давлат чизе кам нахоҳад кард, балки бар инсонияти давлат танҳо меафзояд."

МУҲИТИ ЗИСТИ МОВУ ШУМО


Рузи 5 июни ин ҳафта рузи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист буд.
Таъсиси чунин руз бо ибтикори намояндагони Ҷопону Сенегал ҳануз соли 1972 дар як анҷумани зистмуҳитии СММ дар Стокҳолм садо дод ва аҳли он ҳамоиш билофосила бо ташкили як барномаи хоси экологии мавсум ба ЮНЕП 5 июнро рузи ҷаҳонии муҳити зист муқаррар карданд.
Тоҷикистон ин рузро аз соли 1988 инҷониб таҷлил мекунад. Мақомоти ин кишвар ва созмонҳои экологии фаъол дар Тоҷикистон мегуянд, рузи ҷаҳонии муҳити зист баҳонаест барои ҷалби дубораи таваҷҷуҳи мардум ба масоили экологӣ ва ба авоқиби нохуше, ки нодида гирифтани чолишҳои зистмуҳитӣ метавонад ба бор биорад.
Аз Гулмуҳаммад Давлатов, раиси бахши иттилооти вазорати ҳифзи табиати Тоҷикистон мепурсам, ки оё метавонад чолишҳои аслӣ ба муҳити зисти кишварро барои мо баршуморад.
Оқои Давлатов гуфт:
"Дарахтбурии саросарӣ, эрозияи замин, партобҳои саноатӣ, хатарнок барҷой мондани амборҳои партовҳои ҳастаӣ дар Табошару Файзободу дар полигони Вахш, шикори ҳайвоноти нодир ва амсоли ин аз масоили ҳалталаби соҳаи мо боқӣ мемонанд. Мо аз ҷумла барои ҳифзи амборҳои партовҳои ҳастаӣ як барнома таҳия кардаем ва фикр мекунам, дар ояндаи наздик вазъ дар ин ришта ру ба беҳбудӣ хоҳад овард."
Ҳамин суолро дар як гуфтугуи дигар бо Темур Идрисов, раҳбари созмони экологии "Ради Земли" ё худ "Ба хотири Замин" низ дар байн гузоштам. Темур Идрисов мегуяд, албатта, таҳдидҳои кули Сарезу амборҳои партовҳои ҳастаӣ зиёд гуфта мешаванд, вале дар ин миён аз хатароте фаромуш мекунанд, ки пайгирона ҳар лаҳзаву ҳар соат ба пайкари табиъат ва муҳити зисти Тоҷикистон панҷа мезананд.
Вай афзуд: "Ин, албатта, бастагӣ дорад ба манотиқ, вале таҳдидҳои умумӣ ҳам ҳастанд. Пеш аз ҳама дарахтбуриҳои саросарӣ. Ҳарчанд вазъ дар ин робита каме беҳтар шудааст, вале боз ҳам хатарнок боқӣ мемонад. Масъалаи дигар шуршавии замини кишт аст, ки ба вижа дар ҷануби Тоҷикистон боиси аз байн рафтани заминҳои ҳосилхез шудааст.
Манбаъи дигари хатари экологӣ барои мо об аст, чунки манобеъи саршори об офатҳои зиёди табиӣ ба мисли ярчу селро ҳам дар пай дорад.
Дар шимоли кишвар як хатари умда, албатта, партовгоҳҳои ҳастаӣ дар Табошар аст, ки бо вуҷуди умри қадим доштанаш ба иллати адами назорати кофӣ он амборҳо ҳамчунон хатарзо барҷой мондаанд."

Темур Идрисов мегуяд, давлати Тоҷикистон ба маҳзи имконоти маҳдуди иқтисодӣ ва заминаи нокифояи қонунгузории экологиаш қодир ба рафъи ҳама хатарҳои зистмуҳитӣ дар ин кишвар нест: "Давлат ҳадди ақал дар сатҳи расмӣ, нигарониаш дар бораи масоили муҳити зистро изҳор мекунад. Аммо аз иқдомоте, ки дар ин соҳа анҷом мешавад, мо чанд қонеъ нестем.
Мо дар мавриди масоили масалан мамнуъгоҳҳо мушкилоти бузург дорем. Албатта, вазорати ҳолоти изтирорӣ ҳаст ва дар чунин ҳолот ба кумак мешитобад, вале дар мавриди омода кардани мардум ва пешгирӣ аз чунин офатҳо кори хеле каме анҷом мешавад.
Корҳои зиёдеро ҳануз мешавад дар ин роҳ анҷом дод ва хуб мебуд, агар давлат дар ин бобаб бештар фаъолият ва иқдом мекард. Хусусан, ки аз байн бурдани муҳити зист маънии аз байн бурдани заминаи ояндаи рушди собити кишварро дорад."

Гулмуҳамад Давлатов, раҳбари бахши иттилооти вазорати ҳифзи табиати Тоҷикистон мегуяд, давлат бо вуҷуди имконоти ночизи молиаш барои беҳбуди вазъи муҳити зист дар кишвар пайгирона талош меварзад. Аммо, мегуяд у, бояд дар ин роҳ пеш аз ҳама ба масъалаи тағйири фарҳанги эколгогии мардум таваҷҷуҳ намуд. Вагарна ҳама талошҳои анҷомшуда ва куллия барномаҳои давлативу ғайридавлатии ҳифзи муҳити зист натиҷаи короянде нахоҳанд дод.

ЧЕҲРАИ ҲАФТА

Ин навбат қаҳрамони "Чеҳраи Ҳафта"-и мо Нисо, як духтари ранҷури тоҷик аст, ки аз як бемористони шаҳри Маскав барои мову шумо паём мефиристад. Паёме пур аз дард ва ҳамзамон пур аз умеду пур аз орзу.
Нисо дар бемористони Маскав бо гурдаҳои сунъӣ ба сар мебарад ва барои табдили гурдаҳояш у ба 50 000 доллар зарурат дорад, ки хориҷ аз ҳадди имконоти хонаводаи уст.
Нисо мегуяд, мехоҳад табиб шавад. Ин орзу шояд натиҷаи рузҳову солҳое бошад, ки у дар чордеворҳои бемористонҳои мухталиф ба сар бурдаву танҳо ҳамсуҳбатонаш беморони дигар ва табибоне будаанд, ки дили Нисоро ба зиндагӣ ва ба як рузи беҳтар ин ҳама муддат гарм нигоҳ доштаанд.
Ҳамкори мо дар Маскав Муҳаммадраҳими Сайдар ҳам дар ин ҳафта ба аёдати Нисо ба бемористон рафта буд ва розу ниёзи ин духтари ранҷурро чунин гузориш кардааст.

ДОСТОНИ НИСО

"Оянда мехоҳам духтур шавам. Барои чӣ? Барое, ки кадом кудаке, ки касал мешавад, кадом зану марде, ки касал мешавад, табобаташ кунам."
Шумо сӯҳбати Нисо Неъматуллоева, як духтари тоҷикро аз бистари беморӣ, аз палатаи 514 бемористони рақами 52 шаҳри Маскав мешунидед.
Нисо чор соли ахири умри худро бо дарди гурда дар бистар ба сар бурдааст.Ахиран, дар бемористони рақами 52 гурдаҳои аслии вай ба гурдаи сунъӣ табдил карда шуд.
Ниссо акнун се моҳ аст,ки бо гурдаҳои сунъӣ таҳти назорати шабонарӯзии табибон қарор дорад .Барои
табдили гурдаҳои сунъии вай ба гурдаи тоза 1 400 000 рубл,муъодили 50 000 доллар талаб шудааст.
Падари Нисо - Неъматулло Насимов, ки ба хотири наҷоти Нисо як соли ахир ба Маскав куч бастааст, мегуяд: "Мо шаҳрванди Тоҷикистонем,вале дар кишвари мо ҳанӯз имкони ҷарроҳии мураккаби табдили гурда вуҷуд надорад ва ночор ба мусофират шудем. Нисои ҷигарбанди ман 4 сол аст, ки дар демористонҳо, аз ҷумла як сол боз дар шаҳри Маскав бистарӣ мебошад. Духтурон аз табобати гурдаҳои вай оҷиз монданд ва оқибат моҳи марти ҳамин сол ҳар ду гурдааш аз кор монд. Ҳозир у бо гурдаҳои сунъӣ зиндагӣ дорад.Илоҷи у танҳо бо гурдаҳои нав табдил кардани ин гурдаҳои сунъист. Аммо маблағи чунин ҷарроҳӣ барои мо бисёр гарон уфтод. Мо 10 нафарем дар оила ва бовар кунед, на қудрати прадохти чунин маблағро дорем ва на тоқати кашидани дарду доғи фарзандт ҷгарбандамонро."
Аз Неъматуллоҳ пурсидам, ки то ҳол аз суи ҷамъиятҳои муҳоҷирин ва ё аз ҷониби ташкилотҳои дигар кумакҳои молие барои онҳо расидааст ё не? Падари Нисо мегуяд: "Ман дар тамоми дунё парешон будани мардуми тоҷикро медонистам, вале имруз эҳсос карда истодаам, ки дар рузи дарду ғам ҳамаи онҳо як мушт будаанд.Баъди хабардор шудан аз аҳволи фарзанди ҷигарбанду бемори ман ҳар руз зангҳои зиёди телефонӣ мешавад ва бо изҳори ҳамдардӣ ба суратҳисоби ҷарроҳии гурдаҳои Нисо пул мегузаронанд. Аз ҷумла аз бозори Черкизовои шаҳри Маскав Муҳаммадраҳим, Муҳаммадҳалим ва Муҳаммадзоҳир Азимовҳо, Равган, Шамс, Ҷовид, Ҳоҷӣ Ҳидой, аз Красноярск Сафаров, аз Хабаровск Каримов, аз Самара Буличов, аз Санкт-Петербург Муҳаммадназари Мирзозода аз Арабистон Саидвалӣ ва Дилафруз, аз Тоҷикистон Толибон ва чандин нафари дигар бароям занг заданд, ки худро боқувват бигир, ки мо ҳамроҳат ҳастем."
Мушкили хонаводаи Насимовҳо дар ҷомеъаи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав ҳамдардӣ пайдо кардааст. Муҳаммадҳалим, яке аз муҳоҷирон бар он аст, ки ҳар як фарди тоҷик бояд барои наҷоти Ниссо ҳиммат кунад. Вай мегуяд, агар 1 400 000 нафар ҳар кадом як рубл барои Нисо ихтисос бидиҳанд, мушкили Нисо осон хоҳад шуд.
Нисо дар оғози ҳамин ҳафта, дар остонаи рӯзи байналмилалии ҳимоят аз кудакон, тайи як нома ба унвони ҷомеъа навишт: "Ман ҳам чун тамоми ҳамсолони худ орзуҳои зиёд дорам. Бузургтарин орзуи ман зистан аст.Мехоҳам зинда бошам, мехоҳам тандуруст бошам, мехоҳам духтур шавам,зеро дарк кардаам,ки мардум ба шифокори варзида зиёд ниёз доранд ва ман мехоҳам одамонро наҷот диҳам,беш аз ҳама хостори ҳимоят аз кудаконам. Вале дарди сангин домангири ман аст. Ман ба дастгирии шумо ниёз дорам. Ҳоло ҳама чизе ки ман дорам, УМЕД аст ва талош дорам, онро гум накунам."
Матни комили номаи Нисо ҳамроҳ бо асноди тиббӣ ва суратҳисоби маркази хайрияи Русия мавсум ба "Умеди Кудакон" дар рузномаи электронии "ЧИЛДОПЕС.РУ" интишор шудааст.
Нисо дар идомаи сӯҳбат дар бемористон аз модараш ёд кард , аз дугонаҳояш ёд кард, аз додарону хоҳаронаш ёд кард ва ҳамаи онҳоро итминон дод, ки шифо ёфтааст, ба зудӣ боз хоҳад омад: "Модарамро мегуям, ки ман созам, сиҳҳату саломатам, меоям ба пешат ҳолӣ.Соз шудаам, сиҳҳату саломат шудаам. Худо ҳеҷ ночори бемористонашон накунад!"
Дар ҳошияи паёми Нисо аз хотир як мисраъ аз устод Лоиқ Шералӣ мегузашт, ки гуфтааст: "Охирин умеди ин умедворон зинда бод".
Муҳаммадраҳими Сайдар, Радиои Озодӣ, Маскав.

Шунавандагони гиромӣ. Бо умеди ба сиҳҳатӣ расидани Нисо ва бо ин орзу, ки ҳаргиз ва ҳеҷ кадоми шумо ғаму дардро набинад, нашри навбатии маҷаллаи "7 Рузи Тоҷикистон"-ро дар ҳамин ҷо мебарем ба пойин.
Шуморо дар ин барнома ман, Мирзои Салимпур, ҳамроҳӣ мекардам. То ҳафтаи дигар ва то "7 Рузи дигари Тоҷикистон" худо нигаҳдор.
XS
SM
MD
LG