Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавофуқоти Душанбеву Маскав


Дафтари матбуотии президенти Русия гузориш медиҳад, ки эҳтимол то охири соли равон Владимир Путин аз Тоҷикистон зиёрат намуда, чанд қарордодеро ба имзо расонад. Тахмин мешавад, ки дар ҷараёни ин сафар Владимир Путин пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро ифтитоҳ менамояд. Рӯзи ҷумъа дар шаҳри Сочӣ президентҳои Русияву Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмонов муҳимтарин масъалаҳои равобити миёни ду кишварро баҳс карданд. Дар изҳороте, ки рӯзи шанбе дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон интишор намуд, омадааст, ки Эмомалӣ Раҳмонов аз натиҷаҳои мулоқоти Сочӣ қаноатманд аст. Ба қавли президенти Тоҷикистон, музокироти созанда бо президенти Русия ВладимирПутин дар фазои ҳамдигарфаҳмиву эътимод гузаштанд. Эмомалӣ Раҳмонов бар ин бовар аст, ки равобити Тоҷикистону Русия ба нафъи мардуми ду кишвар тавсеа меёбанд ва дурнамои хубе доранд. Дар сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмонов таваҷҷӯҳи преизеденти Русияро ба бахши иқтисодии ҳамкориҳои миёни ду кишвар ҷалб кард.
Президенти Русия Владимир Путин ҳам иброз доштааст, ки Русия ҷонибдори тавсиаи равобити стратегӣ бо Тоҷикистон аст. Пас аз мулоқоти ду ҷониб ёвари президенти Русия Сергей Приходко ибтидо қарзи тақрибан 300 миллион доллараи Тоҷикистон ба Русияро хотирнишон намуд, аз ҷумла гуфт: "Мувофиқат ҳосил шуд, ки бахше аз қарз дар лоиҳаҳои бузурги соҳаи энергетика, ки дар ҳоли иҷроянд ва ё дар оянда иҷро хоҳанд шуд, сарф шавад.
Ҳамчунин созиш ҳосил шуд, ки пойгоҳи электронии назорати кайҳон: "Норак" ба ихтиёри Русия супурда шавад.
Сеюм, мавзеъҳое, ки барои ташкили пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд ва мавзеъҳое, ки феълан ҳамчун размоишгоҳ аз тарафи нерӯҳои Русия истифода мешаванд, бепул ва бидуни мӯҳлати муқаррар ба ихтиёри Русия супурда мешаванд. Ҷонибҳо раванди таслими назорати посгоҳҳои марзии миёни Тоҷикистону Афғонистон аз дасти марзбонони Русия ба марзбонони Тоҷикистонро идома медиҳанд. Чорчӯби ҳузури марзбонони мо дар қаламрави Тоҷикистон тағйир меёбад. Бо мувофиқати дутарафа як гурӯҳи амалии марзбонони Русия ташкил мешавад, ки ҳамроҳ бо марзбонони Тоҷикистон дар мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир, вуруди эҳтимолии ҷангҷӯён ва дигар вазифаҳои бо ҳамкорони тоҷики мо ҳамоҳангсохта саҳм мегирад."
Ба қавли Сергей Приходко, ёвари президенти Русия, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз раисҷумҳури РУсия дархост намуд, марзбонони рус дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон то охири соли 2006-ум бимонанд.
Искандари Хоҷа Мирзода
XS
SM
MD
LG