Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳайъати Амрикову Иттиҳодияи Аврупо дар марзҳои Тоҷикистон


Полковник Борис Сарикаев - сардори раёсати Кумитаи марзбонии Тоҷикистон дар умури назорати марз баъд аз мулоқоти чорсоатаи ҳайъати марзбонии Тоҷикистон бо ҳайъати муштараки Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо гуфт, коршиносон ва мутахассисони Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо бештар ба масъалаи имконот ва тавоноии марзбонони тоҷик дар роҳи ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Ҳайъати коршиносони Иёлоти Муттаҳида таҳти сарвари мудири Департаменти Давлати Иёлоти Муттаҳиддаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Ҷон Фокс ва гурӯҳи коршиносони Иттиҳодияи Аврупо дар раъси Ален Сколан бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ошноӣ ва баррасии вазъи марз ин кишвар бо Афғонистон дар шароити хуруҷи марзбонони Русия аз ин кишвар шоми 3 июн вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуданд. Ҳарду ҳайъат дар якҷоягӣ рӯзи ҷумъа бо масъулини Кумитаи марзбонии Тоҷикистон мулоқот анҷом доданд. Борис Смарикаев - сардори раёсати кумитаи марзбонии Тоҷикистон оид ба назорати марз мегӯяд: "Коршиносони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо аз намояндагони Кумитаи марзбонии Тоҷикистон суол карданд, ки имконоти гузаргоҳҳои ва дидбонгоҳҳои хати марз чӣ гунааст ва убури одамону нақлиёт дар як сол бо чӣ теъдоде ба қайд гирифта шудааст ва ба таври умум имконоти ҳифозатии нуктаҳои марзи дар чӣ поя қарор доранд. Ва дар сурати хориҷ шудани марзбонони Русия сарҳадбонони тоҷик ба кадом навъи ёрӣ ниёз доранд ва суолҳои дигар."
Бар асоси мувофиқати намояндагони аршади Кумитаи марзбонии Тоҷикистон ҳайъати коршиносони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо рӯзи шанбе ҷиҳати ошноӣ бо вазъи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон озими минтақаи Дарвоз хоҳанд шуд."
Лозим ба ёдоварист, марзбонони Русия дар соли гузашта назорати 73 километр аз қитъаи ин марзро ба ихтиёри марзбонони тоҷик вогузошта буданд. Ва ин ҳайъати муштарак маҳз аз ҳамин ҷо дидан мекунад ва бо имконоти марзбонони тоҷик ошно хоҳад шуд.
Бар асоси иттилоъи дафтари матбуоти сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ин ҳайъати муштарак ҳамчунин бо масъулини сафорати Русия дар Тоҷикистон низ дидору гуфтӯгу анҷом доданд.
Мирзонабии Холиқзод аз Душанбе
XS
SM
MD
LG