Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толиб Шаҳидӣ: "Мусиқии попи мо примитивӣ аст."


Фирӯз Баротов аз Душанбе

Дар Тоҷикистон аз намудҳои жанри мусиқӣ имрӯз мусиқии поп теъдоди зиёди шунавандагонро дорад. Аксари овозхонон низ кӯшиш мекунанд, маҳз дар услуби поп сароянд. Оҳангсозон дар баробари асбобҳои барқӣ ба оҳангҳо навоҳои асбобҳои миллӣ ва садоҳои гуногун, аз қабили шаршараву садои паррандаҳоро ворид месозанд. Толиб Шаҳидӣ - оҳангсози тоҷик мегӯяд, мусиқии поп ин жанрест, ки дар он якчанд зарбҳои мушкил ва гуногуни одатан асбобҳои барқӣ шунида мешавад. Ба гуфтаи коршиносон ҳамин зарбҳои гуногун, ба эҳсосоти инсон таъсир мерасонад, ва одатан дар шахс беихтиёр хоҳиши рақсидан пайдо мешавад.
Толиб Шаҳидӣ мегӯяд, эстрада худ жанри содда аст, аммо дар Тоҷикистон ин жанр бо ҳама соддагиҳояш дар сатҳи ниҳоят паст қарор дорад: Эстрада ин хуб аст, аммо дар ҳама соҳа мутахассис будан лозим аст, албатта мактаби бузург доштан даркор. Эстрада - на ин, ки дар туйхонаҳо хонему дар ресторанҳо зам-зама кунем. Ва дар туйхонаҳо бошанд мусиқии эстрадиро чунон баланд мехонанд, ки касе бо нафари дигар аслан сӯҳбат карда наметавонад, балки хеле бад ва гӯшхарош аст. Эстрадаи мо примитивӣ аст."
Аммо мусиқии поп гарчанд шунавандагони зиёд дораду зуд ба зеҳни кас мемонад, одатан умри тӯлони надорад. Масалан кам сурудҳое ҳастанд, ки онҳоро мардум солҳои тӯлонӣ аз ёд набароранду бо шунидан навояш пиру барно хушҳолӣ намоянд.
Мусиқии классикӣ ба монанди опера, симфония ва шашмақом гарчанд на ҳама онҳоро қобили фаҳмидан доранд, асрҳои аср боқӣ мемонанд. Толиб Шаҳидӣ гуфт, мусиқии классикӣ ин худ асарест, ки маънии он дар худ фалсафаи зиндагиро дорад: "Мусиқии классикӣ, яъне классика - воло ва мусиқии аъло аст. Ба гуфтаи Толиб Шаҳидӣ ба ғайр аз шашмақом имрӯз операву симфония дар Тоҷикистон рӯ ба нестӣ меоваранд, зеро оҳангсозон дар ин ришта қариб, ки эҷод намекунанд: "Оркестри мо хеле суст аст барои иҷрои барномаҳои бузург." Ҳамсӯҳбатони ман мегӯянд, ки мусиқии хуб ҳеҷ гоҳ аз мӯд намеравад ва ҳар чизе, ки бо санъати баланд офарида шудааст, писанди шунавандагонаш мегардад.
XS
SM
MD
LG