Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Русия дар болои асп, ман тарафдори Ройзман, Бозор Собири унвонбезор


Ҳумойуни Шаҳриёр аз шаҳри Душанбе

Чанд ҳафта боз муносиботи Тоҷикистону Русия мавзӯъи аслии нашрияҳои чопи Тоҷикистон мебошад. Шумораи тозаи «Рӯзи Нав» дар пешорӯи вохурии ғайримунтазираи Раҳмонов бо Путин масоилеро таҳлил кардааст, ки тахмин меравад, мавриди баррасии ду президент қарор гирад. Ба навиштаи муаллиф, мавзӯъи аслии мулоқот сарнавишти муҳоҷирони тоҷик, марзбонони рус, қарзи Тоҷикистон аз Русия, пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва истгоҳи таҳқиқотии кайҳонии «Окно» дар Норак хоҳад буд. Фахриддини Холбек - муаллифи матлаб навиштааст, ҳарду кишвар аз ин музокирот интизороти зиёде доранд, яке аз дигаре интизориҳои молиявӣ ва дигаре интизориҳои геостратегӣ. Яъне ҳарду кишвар ҳам дар ҳолати аз зин поён шудан, аз асп намефароянд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам гӯш ба қимор истодааст, ки Тоҷикистон бо марзбонони рус ва Русия бо муҳоҷирони тоҷик, чӣ кор мекунанд, хулоса кардааст муаллиф.
«Рӯзи Нав» дар идомаи мавзӯъи Тоҷикистону Русия матни як сӯҳбатеро, ки бо ширкати рӯзноманигор Олег Панфилов ва депутати Дума, Евгений Ройзман ахиран дар радиои «Эхо Москвы» баргузор шуда буд, ба хонандагонаш тақдим кардааст. Панфилов бо ҷонибдорӣ аз тоҷикон гуфтааст, барои он мухаддироте, ки аз Осиёи Марказӣ ба Русия интиқол меёбад, на танҳо тоҷиконро гунаҳкор донистан лозим аст. Ройзман дар бадбахтиҳои Русия ва он, ки теъдоди мӯътодон дар ин кишвар меафзояду танҳо дар соли 2003 аз ҳероин 70.000 одам мурдаанд, саросар тоҷиконро гунаҳкор медонад.
«Ман тарафдори Ройзман!» Барои нахустин бор дар нашрияҳои Тоҷикистон, бо чунин ном матлабе ба тарафдории Ройзман нашр гардидааст. Ҳафтаномаи «Одаму Олам» навиштааст, вақте Ройзман мақомоти олии Тоҷикистонро ба даст доштан дар тиҷорати маводи мухаддир муттаҳам сохт, ба ҷуз Ғаффор Мирзоев каси дигаре ба ин иттиҳом посух надод, шояд «сукут аломати ризо» бошад?, суол додааст муаллиф. Дар навишта омадааст, наркомафияи Тоҷикистон он қадар реша давондааст, ки дигар касеро писанд намекунад. То ҳол ягон ниҳоди қудрати ягон «наркобарон»-ро фош накардаанд, ҳол он, ки маблағи бино ва хариди он ҳама қасру кӯшкҳо, тарабхонаву дӯкону мошинҳои хориҷӣ суолҳои зиёде пеш меорад. Мақомоти масъул танҳо «наркобаран»-ҳоро медорад, танҳо он зану духтароне, ки иҷборан якчанд граммро интиқол медиҳанд. Қариб рӯзе нест, ки барномаи «дежурная часть»-и шабакаи телевизионии русии РТР тоҷикеро бо чанд грамм нишон надиҳад. Ҳол он, ки муаллифи навишта, ки бо имзои мустаори Ҳақбини Некназар мақоларо ба нашр расонидааст, боре ҳам дар ин барнома туркман ва ё ӯзбакӣ бо ҳероин дастгиршударо надидааст. Муаллиф навиштааст, Ройзман аз интихобкунандагони худ ҳимоят мекунад ва чаро мо гуноҳи худро эътироф намекунему аз гиребони Ройзман мегирем? Ҳол он, ки ҳимояи мардум вазифаи аввалиндараҷаи ҳар давлат аст.
Русия низ барои ҳимояи манофеъи мардуми худ мехоҳад, ба қонунаш дар бораи ҷалби нерӯи кории хориҷӣ ислоҳот ворид кунад. Ношири ин хабар, ҳафтаномаи «Рӯзи Нав» навиштааст, тибқи ин ислоҳот муҳоҷирони корӣ қабл аз ба хоки Русия по ниҳодан, маҷбуранд, ҷои кори аниқ ёбанд ва ҳамчунин 400 доллари амрикоӣ сарф кунанд.
Мавзӯъи дигари бархе аз ҳафтаномаҳои мустақили Тоҷикистон дар ин ҳафта шоири маъруф Бозор Собир буд. Муассиси «Одаму Олам», Мираҳмади Амиршо дар ду саҳифаи томи нашрияи худ, аъмолу гуфтор ва ашъори дирӯзу имрӯзи шоирро баррасӣ карда, пешниҳод намудааст, Бозор Собир раёсати Ҳизби Коммунистро бар дӯш гирад. Ин пешниҳод дар заминаи чанд мақолаву чанд шеъри тозаи Бозор Собир ба вуҷуд омадааст, ки дар он мақолоту ашъори шоир, давраи коммунистӣ хушбахттарин давраи зиндагии мардум ва Ленин аз волотарин афроди рӯи Замин номида шудааст.
«Рӯзи Нав» як сӯҳбати Бозор Собирро нашр кардааст, ки гуфтааст, ӯ шоири худаш ҳасту бас, на шоири он халқе, ки ба тарафдории Ёқуб Салимов дар як он ҳазорон имзо ҷамъ оварду барои Бозор Собир як сари мӯяш ҳам наҷунбид! Дар мавриди овозаи ахиран паҳншудае, ки раёсати Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон номзадии Бозор Собирро барои дарёфти унвони шоири халқӣ пешниҳод намудааст, шоир бо арзи сипос ва ташаккур аз ҳамқаламонаш гуфтааст, ин унвонро ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорад. Шоир гуфтааст, аз онҳое, ки ӯро зӯран ҳабс кардаанд, муҳоҷиру дарбадару беватан сохтаанд, зарару шиканҷаи моддиву маънавӣ ва ҷисмонию равонӣ расонидаанд, ҳаргиз унвон намегирад!
XS
SM
MD
LG