Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Путин ва Раҳмонов


Русия Тоҷикистонро шарики раҳбурдӣ ва муттафиқи худ медонад. Ин матлабро Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 4 июн дар Сочи эълон кард. Владимир Путин гуфт, мо ба Тоҷикистон ба шарики стратегӣ ва мутаффиқи худ нигоҳ мекунем. Вай иброз кард: "Мо ҳамзамон бо ҳамкориҳои марзӣ ва низомӣ ба ҳамкориҳои тарафайни иқтисодӣ таваҷҷӯҳ хоҳем кард." Вай афзуд, Русия ба эҳдоси ду нерӯгоҳи барқӣ ба Тоҷикистон омода аст. Дар ҷавоб президент Раҳмонов ҳамкориҳои сиёсӣ ва низомии ду кишварро муҳим арзёбӣ кард, вай гуфт, он чӣ Русия дар Тоҷикистон дорад, дар ҳеҷ кадом ҷумҳурии шӯравии собиқ надорад. Вай афзуд, сатҳи ҳамкориҳои сиёсиву низомии Русияву Тоҷикистон ҳамон гуна, ки дар аҳди шӯравӣ буд, боқӣ мемонад ва баҳрагирӣ аз манобеъи энергетикии Тоҷикистон метавонад, яке аз омилҳои муҳими тавсиаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар гардад. Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчунин гуфт: "Русия ва Тоҷикистонро лозим аст, дар ростои ҳамкориҳои дуҷониба ба масъалаҳои иқтисодӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд."
Гардиши мол дар байни Русия ва Тоҷикистон дар соли гузашта андаке беш аз 100 миллион доллар баровард шудааст ва руасои ҷумҳури ҳар ду кишвар онро нокифоя хонданд. Дар мулоқоти Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчунин масъалаи мубориза бо маводи мухаддир ва амнияти минтақаӣ баррасӣ гардид. Дар нишасти васеъ бо вазирони зиддахли ду кишвар Эмомалӣ Раҳмонов ва Владимир Путин масоили марзиро баррасӣ карданд, аммо ҷузъиёти ин сӯҳбат ошкор нашудааст.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз Маскав
XS
SM
MD
LG