Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Авҷи баррасии тарҳҳои қонуни интихобот


Нахустин бор аст, ки дар парлумони Тоҷикистон бо ширкати руасои аҳзоби сиёсии кишвар тарҳҳои пешниҳодии қонуни интихобот баҳсу баррасӣ мешавад. Абдусаттор Ҷабборов - раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ, ки тибқи дастури кори парлумон хулосаи ҳамаи кумитаҳоро дар мавриди тарҳҳои алтернативии қонуни интихобот натиҷагирӣ ва барои муҳокимаи Шӯрои Маҷлиси Намояндагон пешниҳод мекунад, гуфт, даъвати намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар ин нишаст бар асоси паёми раиси ҷумҳур ба Маҷлиси Олӣ дар 30 апрели соли равон сурат гирифтааст: "Зарурати гузаронидани ҷаласаи Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ бо даъваи роҳбарони аҳзоби сиёсӣ аз муҳокимаи ду лоиҳае, ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси Намояндагон ба унвонии Маҷлиси Намояндагон ворид шудааст."
Оқои Ҷабборов афзуд, дар ҳоли ҳозир дар раъси Сайдулло Хайруллоев - раиси Маҷлиси Намояндагон як гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони маҷлис, муаллифони ҳарду тарҳи алтернативии қонуни интихобот аз тарафи фраксияҳои Ҳизби Халқӣ-Демократӣ ва Ҳизби Коммунист бо иштироки намояндаи Ҳизби Наҳзати Ислом, ҳукумат ва дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ба манзури таҳияи тарҳи ниҳоӣ ташкил шудааст. Ва ин гурӯҳ пешниҳодоти намояндагони аҳзоби сиёсиро низ ба ҳангоми таҳияи тарҳи ниҳоии қонуни интихобот ба эътибор хоҳад гирифт.
Аммо намояндаи аҳзоби сиёсӣ дар шурӯъи ҷаласа аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки оё дар воқеъ фикру мулоҳизоти онҳо дар тарҳи қонун инъикос хоҳад ёфт ва ё даъвати онҳо барои як намоиши телевизионӣ ва ё ба манзури ба замин нагузоштани сухани президент аз сӯи Маҷлиси Намояндагон аст.
Шодӣ Шабдолов раиси Ҳизби Коммунист мегӯяд: "Агар ҳамин ҷо баъди муҳокимаи мо ба як ризоият бирасем, ки агар ҳа гуфтем, он дар хулосаи шумо ҳа, агар не гуфтем, дар хулосаи шумо не баъд гурӯҳи корӣ он тараф мебинад, ки худаш чӣ гуна қабул кунад. Лекин агар ҳеч чиз нагӯему, лекин рафта як хулосаи дигар менависем, вай ба ин хулосаҳо мувофиқат накунад, пас аз ин муҳокима чӣ фоида."
Шермуҳаммад Шоев, намояндаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар парлумон гуфт, дар сурате, ки ҷаласа дар кумитаи Маҷлиси Намояндагон доир шудааст, натоиҷи кори он бояд ба шакли санади расмӣ таҳия ва барои баррасии маҷлис ва гурӯҳи корӣ пешниҳод шавад: "Тарафи дигари ин масъала аз он иборат аст, ки дар баробари хулосаи кумита ман фикр мекунам, ки як ҳуҷҷати дигар ба монанди протоколи маҷлиси имрӯза бояд тартиб дода шавад. Мақсад аз он иборат аст, ки ду лоиҳае, ки то як дараҷа аз ҳамдигар фарқ мекунанд, гарчанде ки доир ба масъалаҳои муҳимме, ки вобаста ба интихоботи парламент дахл доранд, баъзе мавқеъҳои ҳарду лоиҳае, ки аз тарафи вакилон пешниҳод шудаанд, ба ҳамдигар мувофиқат доранд."
Дар ҳамин ҳол Абдусаттор Ҷабборов - раиси кумитаи Маҷлиси Намояндагон - гуфт, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо хулосаи худро дар иртибот ба ҳар ду тарҳи пешниҳодшудаи қонуни интихобот дар ихтиёри Маҷлиси Намояндагон қарор додааст. Аммо намояндагони маҷлис ва руасои аҳзоби сиёсӣ аз мӯҳтаво ва мазмуни санади мазкур изҳори беиттилоӣ карданд.
Абдуқайюми Қайюмзод аз Душанбе
XS
SM
MD
LG