Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии Ҳизби Наҳзат дар Ховалинг


Конфронси навбатии таъсисии Ҳизби Наҳзатии Исломи Тоҷикистон дар Ховалинг боз ба нокомӣ анҷомид. Ғайрати Абдусамад, раиси минтақавии ин ҳизб дар Кӯлоб ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, новобаста аз иҷозаи расмии қаблӣ тӯли якуним соли ахир саввумин бор аст, ки ҳукумати Ховалинг аз баргузории конфронси мазбур ҷилавгирӣ мешавад.
Раёсати Ҳизби Наҳзат мегӯяд, ки Шариф Ҳусейнов, раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳия, рузи 30 май дари тарабхонаеро, ки ҷаласаи ҳизб бояд мегузашт, бастааст. Ва дар пасманзари тасмими ҲНИТ, ки мехост, дар хонаи як тан аз аъзо сариҳам оянд, таҳдид кардааст, ки дар сурати баргузории конфронс ин ҳаволиро полис иҳота мекунад. Муҳиддин Кабирӣ - муовини раиси ҲНИТ мегӯяд, пас аз ташрифи чанд тан аз кормандони полис, ба хотири муташанниҷ насохтани вазъ, вакилони конфронс ба Душанбе баргаштанд. Ғайрати Абдусамад мегӯяд, ки аъзои ҳизб дар ин ноҳия то ҳанӯз мавриди фишор қарор доранд. Раиси ҳукумат аз аъзои ҳизб талаб кардааст, ки билети ҳизбиро бозпас супоранд ва аз ҲНИТ бадар гарданд: « 20 нафар аъзои моро шахсан давъват карда, аз тариқи зӯр баёноту аризаҳои онҳоро гирифтааст, ки гӯиё онҳо аъзои Ҳизби Наҳзати Ислом нестанд."
Гуфта мешавад, Султон Валиев, раиси ноҳияи Ховалинг, ки воқеан марди тақводор ва ҳоҷӣ ҳам будааст, як рӯз қабл аз баргузории конфронси таъсисии ҲНИТ тавъам бо садорати тамоми вазоратҳои қудратии Ховалинг бо сабабҳои номуайян аз ноҳия берун шудааст. Божидар Димитров сарвари дафтари саҳроии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар минтақаи Кӯлоб дар як сӯхбат бо хабаргузориҳои маҳаллӣ ҷилавгирӣ аз ҷаласаи таъсисии ҳизби мазкурро «як амали саркашӣ аз Сарқонуни Тоҷикистон»-хонд. Димитров ба хабаргузории "Вароруд" гуфтааст, «Дар як кишвари демократӣ, ки Тоҷикистон аз он ҷонибдор аст, набояд ҳукуматҳои маҳаллӣ ингуна рафтор кунанд».
Ҷалолиддини Фарҳодӣ аз Кӯлоб
XS
SM
MD
LG