Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои созишнома миёни Амрико ва кишварҳои Осиёи Марказӣ


Дар Вашингтон миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Туркманистон қарордоди тиҷорат ва сармоягузорӣ ба имзо расид. Зери ин созишнома дипломатҳои панҷ кишвар ва намояндаи тиҷоратии Амрико Роберт Зеллик имзо гузоштанд. Ин созишнома шароити ҷалби сармояи Амрико ба Осиёи Марказиро муайян кардааст ва тавре дар баёниҳои расмӣ гуфта мешавад, заминаро барои ҳамкорӣ дар чаҳорчуби Шӯрои тозатаъсиси Амрикоиву Осиёи Марказӣ оид ба тиҷорат ва сармоягузорӣ фароҳам месозад.
XS
SM
MD
LG