Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нисои дардманд, вале муштоқи зиндагиро наҷот диҳед


Муҳаммадраҳими Сайдар аз Маскав

Нисо як духтари тоҷик бо гурдаҳои сунъӣ се моҳ аст, ки дар бемористони рақами 52 шаҳри Маскав таҳти назорати пизишкон қарор дорад ва барои табдили гурдаҳои вай 50 ҳазор доллар талаб шудааст. Дар ин бора Созмони «Ба кӯдакон нури умед» дар остонаи рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар рӯзномаи электронии худ хабар дод. Дар рузномаи созмон ҳамзамон номаи Нисо ва хулосаҳои тиббӣ дар бораи бемории Нисо интишор шудааст.
Дар тавзеҳ ба хулосаи тиббӣ, мудири бахши амрози гурда дар бемористони рақами 52 Александр Есеев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар Маскав иброз дошт, Нисо бо гурдаҳои азкорафтода ба бемористони мо муроҷиат кард ва ба ғайр аз табдили гурдаҳои аслӣ ба бадалӣ илоҷи дигар набуд.
Нисо Неъматуллоева бо гурдаҳои маснӯъӣ аз 13 март дар бемористони мо таҳти табобат қарор дорад, феълан вазъи саломатиаш миёна аст. Мо бо Нисо дар бемористон ҳамсӯҳбат шудем. Нисо мегӯяд: "Пас аз як соли сарсониҳои зиёд дар Маскав падарам маро ба ҳамин бемористон овард. Дар ин ҷо ба ман гурдаҳои сунъӣ шинониданд. Чун тамоми ҳамсолони худ ман ҳам орзуҳои зиёд дорам, бузургтарин орзуи ман ЗИСТАН аст. Ман мехоҳам зинда бошам, ман мехоҳам тандуруст бошам, ман мехоҳам духтур шавам, зеро дарк кардаам, ки мардум ба шифокорони варзида зиёд ниёз доранд ва ман мехоҳам одамонро аз марг наҷот бидиҳам, беш аз ҳама хостори расидагӣ ба тандурустии кӯдакон ҳастам."
Нисо дар робита ба рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон хостори сиҳатии атфоли тамоми ҷаҳон шуд ва ба наздикону пайвандони худ дар Тоҷикистон аз палатаи 514 бемористони 52 шаҳри Маскав паём фиристод. Вай гуфт: "Модари азиз, дарди сари шуморо набинам, додарам Синоро табрик мегӯям, ба апаҳоям Рухшона, Сарвиноз, Гулноз ва дугонаҳоям салом мегӯям."
Ба созмони «Ба кӯдакон нури умед» 25 иттиҳодияи иҷтимоии саросарии Русия узвият дорад. Дар ойинномаи созмон гуфта мешавад, ҳадафи созмон расонидани кӯмаки мушаххас ба кӯдакони бемор, ҷалби таваҷҷӯҳи маҳфилҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ба вазъи кӯдакон дар Русия ва кишварҳои муштаракулманофеъ мебошад.
Созмон дар гузоришоти ахири худ аз ҷомеа хостори дастгирии молии Нисо Неъматуллоева шудааст, ки ба табдили гурда ниёз дорад. Аммо ба сабаби он, ки шаҳрванди Русия нест, аз вай 1 миллиону 440 ҳазор рубл, ки муодили 50 ҳазор доллар мебошад, талаб шудааст. Дар номаи Нисо ҳам омадааст, агар ҳар нафаре барои анҷоми ин ҷарроҳӣ 10 рубл ва ё 1 сомонӣ бубахшад, ман наҷот хоҳам ёфт.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз Маскав
XS
SM
MD
LG