Пайвандҳои дастрасӣ

Гарданаи Анзоб боз шуд


Гарданаи Анзоб, ки ягона ҷодаи иртиботӣ миёни шимоли Тоҷикистон ва маркази кишвар мебошад, барои рафтуомади нақлиёт боз шудааст. Анвар Нуров, мудири шӯъбаи нақлиёти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, комиссияи ҳукуматӣ баъди боздид ва баррасии шароити роҳи Анзоб ба чунин хулоса расидааст, ки ҷодаи мазкур барои рафтуомади мошинҳо муносиб мебошад.
Вай афзуд, комиссияи иборат аз кормандони дастгоҳи раёсати ҷумҳур, маркази ҳавосанҷӣ, вазорати нақлиёт ва бозрасии давлатии автомобилӣ баъди боздид аз шоҳроҳи Душанбе-Тошканд ба хулосае омад, ки баъди бартараф кардани камбудиҳои мавҷуд расман аз дуюми июн рафтуомади нақлиёт таввасути ин роҳ иҷоза дода шавад. Роҳ таввасути гарданаи Анзоб ягона ҷодаест, ки шимолу ҷануби Тоҷикистонро бо ҳам мепайвандад, вале фасли сармо ҳамасола ҳудуди 5 ё 6 моҳ масдуд мешавад. Тайи ин муддат ҳаракати нақлиёт ва равуои мардуми шимолу ҷануби Тоҷикистон аз тариқи қаламрави Узбакистон сурат мегирад. Пас аз ҷорӣ шудани раводид миёни Узбакистону Тоҷикистон убуру мурури шаҳрвандони Тоҷикистон аз қаламрави кишвари ҳамсоя мушкил шуд ва давлати Тоҷикистон ба манзури раҳоӣ аз бунбасти иртиботӣ сохтмони нақби Анзобро, ки 5,5 километр тӯл дорад аз сар гирифт ва ҳамакнун эҳдоси он таввасути як ширкати эронӣ идома дорад.
Абдуқайюми Қайюмзод аз Душанбе
XS
SM
MD
LG