Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи камбизоатони тоҷик кам шудааст?


Файзулло Холбобоев, мушовири давлатии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури иқтисод, дар як ҳамойиш таҳти унвони "Роҳҳои мусоидат ба иқтисод ва рушди иҷтимоии Тоҷикистон" 31 май гуфт, бар асоси пажӯҳиши ахири созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ мизони фақр дар ин кишвар дар байни се соли гузашта 15 дар сад коҳиш дода шудааст.Оқои Холбобоев афзуд: "Ин таҳқиқот нишон дод, ки шурӯъ аз соли 2000-ум то чанд моҳи ахири ин сол сатҳи камбизоатӣ аз 83 дар сад ба 68 дар сад пойин бурда шудааст. Ин тозатарин хабар баёнгари рӯшан аз пешрафтҳои иқтисодии Тоҷикистон дар солхои ахир мебошад."
Дар ин ҳамойиш, ки бо мусоидати ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Ҷопон сурат гирифт, Оҷонсии ҷопонии ҳамкории байналмилалӣ стратегияи ҳамкории худ бо ин кишварро барои солҳои оянда дар ҳузури 40 намоянда аз бонкҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию вазоратхонаҳои иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ намуд. Коиши Миошӣ, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон бо ишора ба ин, ки Ҷопон яке аз кишварҳои муҳими сармоягузор ба иқтисоди Тоҷикистон аст, чун дар 11 соли гузашта дар оянда низ барои рушди иқтисод ва коҳиши фақр дар ин кишвар саҳм хоҳад гирифт. Оқои Миошӣ афзуд: "Мо дар доираи муносиботи дуҷониба ва чандҷониба мекӯшем, ҳамкории Ҷопону Тоҷикистонро фаъолтар созем. Эҷоди ҷойи кор, рушди соҳоти зербино ё инфраструктураи Тоҷикистон, соҳаи беҳдошт, таълиму парвариш ва риштаи мухобирот боло бурдани сатҳи зиндагӣ мардум дар деҳот ва коҳиш додани фақр асоси лоиҳаҳои барномаи ОДА, яъне кӯмакҳои расмии Ҷопон ва Оҷонсии ҳамкориҳои байналмилалии ин кишварро дар бар мегирад." Дар ин ҳол мушовири президенти Тоҷикистон оид ба масоили иқтисодӣ, Файзулло Холбобоев аз аҳдофи ҳукумати Ҷопон истиқбол намуд ва зикр кард, ки бо татбиқи барномаҳои он мизони бекорӣ дар Тоҷикистон, коҳиш хоҳад ёфт ва равандаи афзояндаи муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар кам мешавад. Ҷопон аз соли 1993 инҷониб ҳудуди 60 миллион доллар ба соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.
Мирзонабии Холиқзод аз Душанбе
XS
SM
MD
LG