Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари бошитоби Игор Иванов ба Душанбе


Игор Иванов, дабири Шӯрои амнияти Русия зимни як сафари ғайримунтазира ва эълоннашуда рӯзи душанбе, 31 май вориди пойтахти Тоҷикистон шуд ва бо Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури ин кишвар ҳудуди севуним соат мулоқот кард. Игор Иванов баъд аз мулоқоташ ба Эмомалӣ Раҳмонов ба таври хулоса зимни ним дақиқа сӯҳбате, ки бо хабарнигорон дошт, гуфт, ки дар ин мулоқот барномаи боздиди руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шудааст: "Қарор аст, дар таърихи 4 июн мулоқоти руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия баргузор шавад. Ва мо масоили мавриди алоқаи ду ҷонибро, ки қарор аст, дар мулоқоти раисони ҷумҳурии ду кишвар дар шаҳри Сочи баррасӣ шавад, баҳс ва гуфтӯгу кардем. Мо барои густариши муносибот ва ҳалли масоили мавҷуд ба гунае, ки ба нафъи ҳарду ҷониб анҷом шавад, манфиатдор ҳастем. Дар муносиботи мо мушкили умдае вуҷуд надорад."
Игор Иванов ҷузъиёти бештари мулоқоти худ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистонро ошкор накард ва аз посух гуфтан ба суолоти хабарнигорон низ худдорӣ намуд. Ҷониби Тоҷикистон низ то замони таҳияи ҳамин гузориш дар мавриди масъалаҳои мулоқоти доиршуда изҳори назар накардааст. Ин дар ҳолест, ки интизор мерафт, мавзӯи аслии мавриди баҳси дабири Шӯрои амнияти Русия бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон масъалаи таъсиси деринтизори пойгоҳи низомии Русия ва наҳваи хуруҷи нирӯҳои марзбонии он кишвар аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бошад. Ва мулоқоти 4 июни роҳбарони Русия ва Тоҷикистон низ як дидори эълоннашуда хоҳад буд.
Раҳматкарими Давлат аз Душанбе
XS
SM
MD
LG