Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳероинро бо пушт мебурдаанд


Ба навиштаи хабаргузории "Авасто", маъмурони милисаи ноҳияи Варзоб 6 қочоқбарро дастгир кардаанд, ки бо пушт ва пойи пиёда тавассути ағбаи Зарафшон ба ҳудуди ноҳияи Панҷакенти шимоли Тоҷикистон маводи мухаддир интиқол медодаанд. Мақомот ин сокинони Варзобро ба даст доштан дар қочоқи 170 кило маводи мухаддире муттаҳам мекунанд, ки дар ҳудуди ноҳияи Панҷакент кашф ва мусодира шудааст.
Шоми дируз мақомоти милиса дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд аз як махфигоҳ дар бордони мошине, ки ба сокини ноҳияи Шаҳристон Абдуҷаббор Суюнов тааллуқ доштааст, 8 кило ҳероин гирифтаанд.
Ва бино ба хабари дигари ожонсии "Авасто", дар ҷараёни як амалиёти муштараки мақомоти милиса ва марзбонони рус дар ҳудуди ноҳияи марзии Шурообод ду қочоқбари афғон кушта шуда, аз ҷойи ҳодиса 30 кило ҳероин ва якуним кило афюн ёфт ва мусодира шудааст.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG