Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Доя лозим аст. Телефон фалон рақам.»


Эълонҳои харид ва фурӯши хона дар нашрияҳои Тоҷикистон аз чиҳати сершуморӣ ҳамаи дигар анвоъи эълонҳоро ба дуриҳои дур қафо гузоштааст. Аммо дар ҳафтаномаҳои чопи Тоҷикистон эълонҳои кордеҳону коркобон низ кам нест. Дар он аксаран шуғлу касбҳои таъмиргари хонаву таҷҳизоти барқӣ, дуредгар ва хонарӯбу мураббии атфол пешниҳод мешавад. Одатан ин гуна эълонхо аз ҳамагӣ якчанд калима иборат аст. Ба мисли: «Доя лозим аст. Телефон фалон рақам.» Тариқи нашрияҳо тарабхонаҳо пешхизмат ва мағозаҳо фурӯшанда меҷӯянд. Вале шарти ҳатмии ин кордеҳон синну соли ҷавон ва зоҳири зебо мебошад. Касе, ки касби ошпазӣ дорад, ӯ низ ба воситаи нашрияҳо барои худ ҷойи кор метавонад биёбад.
Созмонҳои байналмилалӣ низ тариқи эълон дар ҳафтаномаҳо барои худ корманд меҷӯянд. Вале синну соли ҷавон ва зоҳири зебо барои дар ин созмонҳо кор ёфтан кофӣ нест. Маъмулан, ҳаҷми шарту шароите, ки ин созмонҳо аз хоҳишмандон талаб мекунанд, бештари ҳаҷми матни эълонашонро ташкил медиҳад. Ва албатта ҳадди аққал бо панҷсола собиқаи корӣ ва беҳтар мебуд, агар хоҳишманд таҷрибаи кор дар созмони байналмилалии дигар медошт.
Тариқи нашрияҳо муаллимон барои худ шогирд ва шогирдон муаллим меҷӯянд. Марказҳои мухталифи омӯзиши ваъда медиҳанд, ки дар муддати хеле кӯтоҳ ва бо нархи хеле арзон ҳамаро англисидону мутахассиси компютер мекунанд. Вале боз ҷавононе ёфт мешаванд, ки ба донистани ягон забони дигар, испанӣ, фаронсавӣ ва ё арабиӣ шавқ доранд ва дар ҷустӯҷуи мударрис ҳастанд.
Худи нашрияҳо низ барои худ ба воситаи эьлон корманд меҷӯянд. Ҳафтаномаи тозатаъсиси «Салом алайкум» хабарнигори ҷавоне меҷӯяд, ки русиро хуб донад ва бо компютер кор карда тавонад.
Баъзан, эълонҳои аҷиб низ ба назар мерасад. Мисол, ба ин эълон таваҷҷӯҳ кунед: «Идея мефурӯшам, идеяи навоварӣ дар истеҳсоли маводи сохтмон, мебел ва ғайра ва фурӯши он ба хориҷиён.» Дар ҷаҳони имрӯз, ки онро иқтисоди бозаргонӣ идора мекунад, идея моли серхаридор ва зуд ба фурӯшраванда маҳсуб мегардад, ҳарчанд равшан нест, ки агар харидор идеяро фаҳмаду пулашро напардозад ва ё пардохт намояду идея писандаш наояд, пас чӣ мешуда бошад?
Бархи дигари соҳибони ҳунари фавқулодда роҳи осонтари амали сохтани идеяҳои худ ва истифода аз ҳунари худро пеш гирифтаанд. Ба як чунин эълон таваҷҷӯҳ кунед: «Фол мебинам, бо нируи кайҳонӣ муолиҷа мекунам. Ва рақами телефон.» Ман бо ин рақами телефон занг задам, аммо гӯширо касе набардошт. Баъд, ба як ҳамкасби дигари ин шахс занг задам.
«-Алло?
-Ассалому алайкум.
-Ва алайкум салом.
-Мебахшед, шумо эълон дода будед?
-Ҳа, ин ман эълон додаам.
-Дар бораи фолбинӣ-а?
-Фолбинӣ не, ин пешбинӣ, ясновидение мегӯянд. Ояндаи одамро гап мезананд ва агар ёрӣ расонидан лозим бошад, ёрӣ мерасонанд.
-Барои он ки шумо ояндаи ягон нафарро пешбинӣ кунед, оё танҳо сураташ низ кофӣ аст?
-Агар дар шаҳр набошад, мешавад.
-Баъд, мебахшед як суоли дигар. Ба ҳамин пешгӯиҳои шумо то чӣ дараҷа мешавад бовар кард? Аз рӯи чӣ шумо пешгӯӣ мекунед, мисол аз рӯи ситораҳо, қартаҳо..?
-Аз рӯи тасбеҳ, ё аз рӯи қарта.
-Адреси шумо дар куҷо мебахшед?
-Ман мегӯям нависед..
Якум вохӯрии мо панҷ сомонӣ аст. Агар омаданӣ бошед, қаблан занг занед.
-Шумо ҳар рӯз қабул мекунед?
-Рӯзи ҷумъа.»
Маъмулан, фолбинҳову табибҳои мардумиву кайҳонӣ ба эълону рекламаи ҳунари худ дар саҳафоти нашрияҳо ниёз надоранд, аммо шояд бархе аз эшон ба тозагӣ ба ин арса қадам ниҳодааст ва гузоштани гомҳои устувор дар ин ҷода, фаҳмида шавад, роҳандозии бизнеси худ, бидуни реклама душвор аст барояшон.
Аз эълонҳои дигари хоси ҷавонон бахши ашёи гумшуда мебошад. Дар ин ҷо шаҳодатномаву диплому дафтарчаи имтиҳониву билетҳои донишҷӯии гумшударо аз эътибор соқит мехонанд. Матни маъмулии аксари кулли ин гуна эълонҳо чунин аст: «Номаи камоли гумшудаи фалон рақам, ки онро фалон сол фалон мақоми фалон макон ба фалон шахс додааст, эътибор надорад.»
Аммо дар эълонҳои кордеҳон барои дарёфти фаррошу хонарӯб, пешхизмати тарабхонаву дуредгар, таъмиргари хонаву дигару дигар сухане дар бораи на номаи камол ва на диплом нест.
XS
SM
MD
LG