Пайвандҳои дастрасӣ

Мистер Икс - рақиби Раҳмонов, нокаут ба эътилофи аҳзоб, пайғамбари нав дар Тоҷикистон


«Одаму Олам» бо нашри матлабе зери унвони «Шумо кистед ҷаноби X?» атрофи шанси афроди сиёсатмадори зиёде барои маснади раёсати ҷумҳурӣ тахмин намуда, ҳудуди бист нафареро ном гирифтааст, ки шояд соли 2007 исмашон дар варақаҳои интихоботи дар баробари Эмомали Раҳмонов ҷой бигирад. Муаллиф навиштааст, Ғаффор Мирзоев бо он изҳороте, ки ахиран даъвоҳои Ройзманро инкор намуд, барои худ имиҷи сиёсии хеле хуб кор кард. Зиндон ва чеҳраи «ҷабрдида»-и Ёқуб Салимов низ барояш холҳои сиёсӣ меорад. Ба навиштаи муаллиф, ҳарчанд кӣ будани ҳарифи Раҳмонов дар интихоботи президентӣ ҳанӯз аниқ маълум нест, аммо ин чиз яқин аст, ки у "Mr. X" не, балки «Товарищ Икс» хоҳад буд. Муаллифи ин матлаб, Хуршеди Атовулло менависад, аз миёни номзадҳои эҳтимолӣ имкони бештари пуштибонӣ аз тарафи доираҳои сиёсии Русияро Бӯрӣ Каримов дорад.
Хуршеди Атовулло як номзади пурқуввати дигар, Муҳиддин Кабирӣ - ноибраиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ном бурдааст. Сабаби талоши Русия барои овардани дастнишондааш ба маснади президентии Тоҷикистонро муаллиф дар сардиҳои имрӯзи муносибатҳои ду кишвар дидааст.
Дар матлабе дар «Рӯзи Нав» ин муносибатҳо таҳлил ёфта, муаллифи он навиштааст, Русия ахиран маҷбур шудааст, фишанги охирини фишори худ - масъалаи муҳоҷиронро ба кор андозад. Манзури муаллиф тазоҳуроти зиддитоҷикӣ дар Екатеринбург будааст, аммо сабаби аслии сардиҳои ин муносиботро муаллиф дар маблағгузории ночизи Русия дар Тоҷикистон дидааст. Русия, менависад Фахриддини Холбек бо такя ба иддае аз коршиносон, ба Тоҷикистон чун ба майдони ҳузури ҳарбии худ дар Осиёи Марказӣ нигоҳ мекунад, на иқтисодӣ. Аммо Тоҷикистон ин гуна муносибатро қабул надорад. Ба навиштаи муаллиф, агар ҳол чунин давом кунад, имзои созишномаҳои муҳоҷирату пойгоҳи низомӣ ба ин наздикиҳо зери суол аст.
Дар идомаи мавзӯъи муносибатҳои Тоҷикистону Русия ҳафтаномаи «Азия-Плюс» дар саҳифаи интернетии худ пурсише гузаронидааст, бо суоли он ки «Баровардани марзбонони Русия аз сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба кӣ зарур аст?» Беш аз шаст дар сади посухдодагон гуфтаанд, ба наркобаронҳо. Ба андешаи ҳудуди чил дар сади дигар, Тоҷикистон кишвари мустақил аст ва бояд худаш марзҳояшро дифоъ кунад.
Дар сӯҳбат бо «Азия-Плюс» генерал-майор Валерий Рябунин - сардори ситоди марзбонии хадамоти амнияти миллӣ ва ё ФСБ-и Русия дар Тоҷикистон таассуф хӯрдааст, ки бархе аз расонаҳои маҳаллии ин кишвар нақши марзбонони рус дар истиқрори сулҳ ва дифоъи марзҳои Тоҷикистонро фаромӯш мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз нашри матолиби иғвоангези зиддитоҷикӣ дар як қатор расонаҳои русӣ нигаронии худро расман эълом доштааст. Вазорати хориҷии Тоҷикистон ба ин мазмун ба сафорати Русия дар Душанбе як нотаи эътирозӣ фиристодааст, хабар додааст «Вечерний Душанбе».
Гуфта мешавад, ин гуна матолиби иғвоангез боиси бештар шудани мушкилоти тоҷикон дар Русия мегардад. Нашрияи «Рӯзи Нав» аз афзоиши теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия, мушкилоти онҳо навиштааст. Бино ба як хабари ин нашрия, ахиран боз се тобути муҳоҷирони тоҷик аз шаҳри Иркутски Русия оварда шудааст. Аз ин се нафар, яке 19, дигаре 26 ва сеюми 41 сол доштаанд. Мувофиқи хабар, ҷавони 19-сола худро овехтааст, дуи дигар кушта шудаанд.
Дар ҳоле, ки ҷавонмардони тоҷик бинобар адами имкони кор дар ватан ба Русия мераванд ва бархе аз онҳо дар он ҷо, дар дурӣ аз Ватан, дар хориву зорӣ ва ҳақириву ғарибӣ марги худро меёбанд, дар Тоҷикистон муборизаҳои сиёсӣ шиддат меёбад. «Рӯзи Нав» дар як матлабе интихоботи қарибулвуқӯъи парлумониро таҳлил кардааст. Дар он пас аз сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмонов аз ҳамроҳӣ ба Эътилофи аҳзоби сиёсӣ даст кашидани Маҳмадрузӣ Искандаров ҳамчун «нокаут»-и президент ба ин эътилоф баҳо дода шудааст. Аҳмади Иброҳим аз Кулоб -муаллифи ин мақола менависад, Раҳмонов метавонад, дар марҳилаҳои гуногуни мубориза ба намояндагони мухолифонаш шаҳди ширин, яъне мансаб пешниҳод кунад ва онҳоро як-як дасту по баста раванди интихоботро ба фоидаи худ тағйир бидиҳад. Муаллиф ба эътилоф напайвастани демократҳову коммунистҳоро хатои таърихии ин ду ҳизб, шикасти ҷиддии демократия дар кишвар ва нокомии эътилоф номидааст. Вале ба қавли муаллиф, ғурури кӯҳистонии Искандаров ҳар лаҳза метавонад, боло гирад ва кори эътилофи нокоми дар чаҳорсӯмондаро ба маҷро дарорад.
Тасвири Эмомалӣ Раҳмонов ва акси он дар ойинае дар матлаби дигари «Рӯзи Нав», ки «Ойина» ном гирифтааст, нашр гардидааст. Ин матлаб, муроҷиатнома ва ё гуфтугӯи ошкорои як шаҳрванди оддӣ бо президент будааст. Муаллифи он нахуст аз эҳтироми самимонаи бепоёну камназири худ нисбати президент сухан ронда, баъдан аз чандин кору қарорҳои Эмомалӣ Раҳмонов изҳори таҳайуру тааҷҷуб мекунад. Ӯ менависад, дар телевизион мебинад, ки раисҷумҳур пеши толоре сухан мегӯяд, онҳоро сиёсат мекунад, вале ягонтоашонро барои ришвахӯрӣ ба маҳкама намекашад, ҳарчанд медонад, ки миллионҳо доллари қарзгирифтаи ҷумҳуриро мисли наҳанг фурӯ бурдаанд. Барои чӣ? Ба навиштаи муаллиф, аксари кормандони буҷавӣ як хел маош мегиранд, аммо ҳамаи кормандони соҳаҳои ҳуқуқи хонаҳои дуошёна, бустонсароҳо, автомобилҳои хориҷӣ доранду муаллиму духтури деҳотӣ не? Охир маош як хел аст - ку, ҳайрон шудааст муаллиф.
Ҳафтаномаи «Оила» аз зуҳури пайғамбари охирзамон, ки бандагонро аз ҷазоҳои Худованд озод мекардааст, хабар додааст. Мусоҳиба бо Шарифҷон Абдурасулов - сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки худро пайғамбар эълом доштааст, қаблан дар нашрияҳои «Тоҷикистон», «Курйер Таджикистана», «Нилуфар» ва телевизиони «Пойтахт» нашру пахш гардида будааст. Тибқи таълимоти ӯ, дар як шабонарӯз росто истода, ҳамагӣ се ракаъат салот мегузоридаанд. Намозро бояд рӯ ба тарафи ҳавлии ӯ карда, мехондаанд. Ӯ гуфтааст, дар ҳимояи беш аз сад миллиард рух қарор дорад, таълимоти худро дар ин сайёра ҷорӣ карда, баъд ба сайёраҳои дигар мерафтааст.
XS
SM
MD
LG