Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷазираҳои Душанбе


Фирӯз Баротов аз Душанбе Замоне, ки мо ба минтақаҳои кӯҳдомани шаҳри Душанбе омадем, нахуст хонаҳои кӯчак ва болои ҳам чида шуда ба чашмамон хӯрд. Дар ин хонаҳо аксар хонаводаҳои серфарзанди шаҳр ба сар мебаранд. Шароити зист дар ин маҳалҳо тоқатфарсо аст. Даромади аслии ин хонаводаҳо аз ҳисоби наздикони мардикорашон аст, ки солҳои дароз дар Русия кор мекунанд.

Дар ҳамаи маҳаллаҳои кӯҳдоман мушкилии асосии ҷавонон бекории зиёд, мӯътодӣ, бемаълумотӣ мебошад. Ба гуфтаи сокинони маҳалла дар ин кӯчаҳо рӯзҳои дароз писарони бекорро дидан мумкин аст, ки бо қартабозӣ ё сӯҳбатҳои беҳуда вақт мегузаронанд. Ба гуфтаи мусоҳибам Қимат аз кӯчаи Саҳбо аксари ҷавонон, имрӯз аз ҳисоби волидони пири худ рӯз мегузаронанд: Ягон кас гузарад, салом медиҳем, баъзан одамҳо ҳатто салом ҳам намедиҳанд. Ҷавонон Русия мераванд, баъзеашон дар ҳамин ҷо ҳам бо гап аз роҳгузарон пулашонро кашида мегирад. Хайр мушкилӣ чӣ доранд? Дар ягон ҷо таҳсил намекунанд, ё кор надоранд. Ҳозир ҳамаи дониш пул аст, пул бошад, дипломро ҳам мегирӣ."
Ҳамсӯҳбати дигари ман Далер аз маҳаллаи Сари Осиё гуфт, дар маҳаллаи онҳо қариб теъдоди зиёди ҷавонон баъди мактаби миёна таҳсили худро дар мактабҳои олӣ идома дода наметавонанд. Зеро фақри хонаводагӣ онҳоро ба коми худ кашидааст ва наврасон маҷбур мешаванд, аз синни хурдӣ ба иҷрои корҳои вазнин сиёҳи ҷисмонӣ машғул шаванд: "Канӣ хурсандӣ? Ҳоло чун замони пеш нест, ки ҷавонон хурсандӣ карда, гарданд. Наврасони маҳаллаи мо дар кӯҳистон, ҳангоми подабонӣ китобҳои зиёд мехонанд, аммо шароите надоранд, ки дар мактабҳои олӣ таҳсилро идома диҳанд."
Саидаи Зайдулло духтари 22-сола, ки хонаашон дар баландие воқеъ аст, ки аз он ҷо тамоми Душанберо ба осонӣ дида мешавад, мегӯяд, зиндагӣ барояш дар ин маҳалла писанд аст: Вақте, ки ба баландӣ мебароӣ, аз баландӣ марказро дидан бисёр осон аст. Манзараи зебо ба назар менамояд, ҳоло ки фасли баҳор аст, ҳама ҷо сабзаҳо дамида, дарахтон сабзида, барои бедор шудани ҳамагуна илҳом мусоидат мекунад."
Шумораи зиёди мардум аз набудани оби нушокӣ азоб мекашанд. Онҳо дар кишвари захираи оби тоза ташналабанд. Дар кӯчаҳои Саҳбо, Анзоб ва Телмон пиру ҷавони сатилбадастро дидан мумкин аст, ки аз дурии то 2 километр об мекашанд. Аз ночории мардум истифода карда, як мошин обро дар инҷо ба маблағи 15 сомонӣ мефурӯшанд, ки на ҳама имкони харидории онро дорад."
Ба гуфтаи сокинон, аз ҳоли мардуми ин минтақа ҳукуматҳои маҳаллӣ хабар намегиранд ва ба доди онҳо намерасанд. Бибӣ Ҷӯраева сокини кӯчаи Саҳбо мегӯяд: "Як сол мешавад, ки мо тамоман об надорем. Мана ман маъюбам ва тамоман об кашида наметавонам, раиси кӯча гуноҳро ба гардани раиси маҳалла мегузорад, раиси маҳалла баръакс. Мардуми оддӣ чӣ кор кунад, охӣ? Ҳамеша боронро интизор мешавем, ки кай борон мебораду мо либосшуйӣ мекунем, ё кори дигарамонро анҷом медиҳем?
Ба ҳукумати шаҳр меравед, ба назди раиси ноҳия даромада намешавад. Аз мӯҳтарам Эмомалӣ Шарипович илтимос мекунем, ки ба доди халқ расад, ба мардум кӯмак намояд. Дигар кӯдаконамон аз дасти обкашӣ майиб шудаанд. Раисону депутатҳоро интихоб мекунем, барои хонаҳояшон интихоб намудем? Чаро дар хонаҳояшон хобанду ғами мардумро намехӯранд? Мо аз ҷонамон сер шудем!"
Роҳ сӯи деҳаи Қаротегин гирифтем. Духтарони ин маҳалла қариб аксаран хонанишинанд. Онҳоро волидон ҳатто аз синфи 4 ва ё 5 дигар иҷозати таҳсил карданро намедиҳанд. Ба гуфтаи мусоҳибонам, духтарони наврасро аз синни 14-15 солагӣ ба шавҳар медиҳанд ва бо ҳамин волидон қарзи худро дар назди фарзандон ба охир мерасонанд.
Пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд, аз наздамон Сайёра баромад. Сайёра фикрашро озодона ба мо баён мекунад: Дар ҳамин хона рӯзи дароз мешинем. Ман мехостам, хонам, аммо маро акаам намонд, барои он, ки мега ҳамаи духтароне, ки мехонанд, онҳо бемаъниянд."
-Шумо чӣ фикр мекунед?
-Не ҳамаи духтарони мехонда ин хел нест. Аз духтар вобаста аст. Агар нағз хонаду нағз гардад, ҳеҷ чиз намешавад. Мо рӯзи дароз дар ҳамин қади раҳ мешинем.
-Шумо чӣ орзу доред?
- Орзу дорам, ки як мошини шахсӣ дошта бошаму худам онро ронам."
Субҳия Нозилова, роҳбари созмони ҷамъиятии "Бонувони навовар", ки дар маҳаллаи Қаротегин фаъолият мекунад, гуфт, сабаби аслии сар задани мушкилии бекорӣ, фақрӣ, бемаълумотӣ ва ба маводи мухаддир даст задани ҷавонон ин ҳама ҷанги шаҳрвандӣ аст, ки сокинони маҳаллаи онҳо яке аз ҷабрдидагони аслии ҷанг ба шумор мераванд: "Мафкураи мардум дигар шуд, мардум камтар дуруштар шуданд, каме душворфаҳм шуданд, ҳамдигарфаҳмӣ аз байн рафт."
Субҳия Нозилова гуфт, мардуми минтақаҳои кӯҳдоман имрӯз ба мушкилиҳои ҷиддӣ гирифторанд ва ба таваҷҷӯҳи вижаи ҷомеа ниёз доранд. Зеро имрӯзҳо дар баробари деҳаҳо дар дохили пойтахт гурӯҳи калони ҷавонон ба коми ин мушкилиҳо фӯру мераванд.
XS
SM
MD
LG