Пайвандҳои дастрасӣ

Конфронси байналмилалии мубориза бо гардиши маводи мухаддир


Дар ҳошияи таҷлил аз панҷумин солгарди таъсиси Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 28 май дар пойтахти ин кишвар конфронси байналмилалие таҳти унвони "Авлавияти барномаи истротежики Созмони Милал барои Осиёи Марказӣ" баргузор гардид, ки дар он намояндагони 20 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд. Бар асоси омори ироанамудаи СММ, имрӯз 92 дарсади ҳероин дар Осиёи Марказӣ ва 60 дарсад ҳероини маҳдудаи кишварҳои муштаракулманофеъ дар Тоҷикистон тавқиф ва мусодира мешавад.
Ғаффор Мирзоев, раиси Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон дар мавриди ҳадафи ин конфронс мегӯяд: "Мо барои он гирди ҳам омадем, то як барномае созем, ки кор бо ҳамдигар бошад, зеро мо медонем, сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ҳазору сесаду чилу чор километр аст, бо фармондеҳони он тарафи марз низ ҳамсӯҳбат шудан лозим аст ва зарари маводи мухаддирро ба онҳо фаҳмондан даркор аст. Тоҷикистон дар соли гузашта зиёда аз даҳ тонн маводи мухаддиро мусодира кард."
Ба гуфтаи раиси Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон, бо ибтикори ниҳодҳои муборизакунанда бо гардиши маводи мухаддири кишварҳои муштаракулманофеъ даври аввали як амалиёти зидди маводи мухаддир бо номи «Конол» анҷом шуда ва қарор аст, дар марҳилаи дуввуми ин амалиёт кишварҳое назири Чин ва Ирон низ ҷалб шаванд.
Аммо тибқи маъмул дар ин конфронс аз афзоиши кишти хашхош дар Афғонистон изҳори нигаронӣ шуд. Вале Довуди Панҷшерӣ, сафири Афғонистон дар Душанбе, ки кишварашро дар ин конфронс намояндагӣ мекард, гуфт, ин як мушкили умумии башарист, ки танҳо марбути Афғонистон намебошад.
Аммо Рустам Назаров, муовини раиси Оҷонсии назорат бар маводи мухадири Тоҷикистон, ки аз ташаббускорони таъсиси ниҳоди мазкур аст, мегӯяд, ҷомеаи байналмилалӣ барои фаъолияти Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон тӯли 5 сол агар 10 миллион доллар кӯмак кардааст, тибқи муҳосиботи як муассисаи СММ дар Вена манфиате, ки аз иҷрои ин барномаҳо ба даст овардааст бештар аз 1, 5 миллиард доллар мебошад. Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон як муассисаи муштараки ин кишвар ва СММ аст, ки дар соли 1999 таъсис ва имрӯз аз фаъолияти панҷсолаи ӯ таҷлил шуд.
Раҳматкарими Давлат аз Душанбе
XS
SM
MD
LG