Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хаёлҳо"-и вакилон доир ба интихобот


Абдуқайюми Қайюмзод аз Душанбе Масъалаи ҳаққи ихтиёрии иштирок дар интихобот, дар ихтиёри нозирони маҳаллӣ қарор додани нусхаи протоколи ниҳоии комиссияи ҳавзавӣ ва ниҳоят пардохти гаравпулӣ ба манзури сабти номи номзад дар ҷараёни баҳсу баррасии ду тарҳи алтернативии қонуни интихобот дар кумитаи илм, маориф ва фарҳанги Маҷлиси Намояндагон ба мавзӯи асосӣ табдил ёфт.

Миродасен Худоиев, раиси кумитаи Маҷлиси Намояндагон, зимни муаррифии банду моддаҳои ҳарду тарҳ гуфт, ҳаққи ихтиёрии ширкати шаҳрвандон дар интихобот бар асоси асноди байналмилалӣ сурат гирифтааст. Аз ин хотир мо набояд ин меъёри қабулшударо аз матни қонун ҳазф кунем. Аммо Ибодулло Машрабов, узви кумитаи мазкур комилан муқобили ин пешниҳод суханронӣ карда, гуфт, дар ҳоли ҳозир ҷомиаи Тоҷикистон ба ин тарзи муносибат бо интихобот омода нест: "Агар мо ихтиёрӣ гӯему як қисмати мардум ҳатман иштирок накунад, боиси боз гапу сару садоҳои зиёд мешавад. Менталитети моро ба назар гирифтан даркор." Пас аз чунин пешниҳоди оқои Машрабов аъзои кумита ин қисмати матнро аз тарҳи қонун хориҷ карданд.
Яке дигар аз масоили баҳсофари тарҳи қонуни интихобот аз назари аъзои кумитаи илм ва фарҳанги Маҷлиси Намояндагон ироаи нусхаи протокол ва ё қарори комиссияҳои ҳавзавӣ ба нозирони маҳаллӣ буд. Миродасен Худоиев, раиси кумитаи Маҷлиси Намояндагон, бо баршумурдани чандин мавориди таҳияи асноди тақаллубии интихобот аз ҷониби аъзои комиссияҳои ҳавзавӣ ва қитъавӣ гуфт, дар ҳолате, ки нозири маҳаллӣ дар даст нусхаи протоколро надорад, усулан наметавонад, аз қонуншиканиҳои аъзои комиссия ба додгоҳ муроҷиат кунад: "Ба воситаи танҳо шинос шудан ба протокол, ман ба ягон мақомот муроҷиат карда наметавонам. Ман гуфта наметавонам, ки барои ман дар фалон ҷой 96 фоиз овоз доданд. Ман дидам ҳаминро."
Боз ҳам Ибодулло Машрабов, узви кумита муқобили ин пешниҳоди тарҳи қонун садо баланд кард: "Агар мо ҳамин хел як меъёрро ворид кунем, ки ҳар намояндаи ҳизб ва ё нозир рафта, ҷамъи протоколро аз ҳама ҷо гирад, боиси хархашаву кашмакашу ҷанҷолҳои зиёдатӣ дар шароити кунунии ҷумҳурии мо шуда метавонад. Ман хаёл мекунам, ҳозир барои ҷомеаи шаҳрвандӣ тайёр нестем."
Дар ҳамин ҳол аз Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон, ки таҷрибаи интихоботҳои маҷлису президент ва як раъйпурсии тағйироту иловаҳоро ба Қонуни Асосӣ дар солҳои пешин пушти сар кардааст, пурсидам, вогузории нусхаи протоколи комиссияҳои ҳавзавӣ ва қитъавӣ дар ихтиёри нозирони маҳаллӣ то чӣ ҳад метавонад, аз қонунмандӣ ва шаффофияти ҷараёни интихобот шаҳодат диҳад.
Вай гуфт: "Агар мегӯем, ки барои нозирон дар умум, на ба нозирони байналмилалӣ, на ба нозирони маҳаллӣ нусхаи протокол дода намешавад, гумон мекунам, ин гуна афрод, ин гуна касоне, ки ба чунин як пешниҳод дар қонун ҷонибдорӣ мекунанд, онҳо комилан зидди шаффофият ва озодии интихоб ҳастанд."
Аммо баҳси асосии вакилони Маҷлиси Намояндагон рӯи тарҳи қонуни интихобот бар сари яке аз моддаҳои он аст, ки бар асоси он бояд ашхосе, ки ба ҳайси номзад мехоҳанд, сабти ном шаванд, якуним ҳазори ҳадди аққли музди маош гаравпулӣ бипардозанд.
Аз Бурҳониддин Ризоев, вакили маҷлис аз фраксияи Ҳизби Халқӣ-Демократӣ ва яке аз муаллифони тарҳи мавриди баҳси вакилон суол шуд, ки дар заминаи кадом меъёре чунин маблағ пешниҳод шудааст. Вай дар посух ба саволи аъзои кумитаи Маҷлиси Намояндагон гуфт, агар чунин миқдори маблағ пешбинӣ нашавад, ҳама мехоҳад худро ба ҳайси номзад пешбарӣ кунад. Аз тарафи дигар, гуфт ӯ, меъёри санҷидашуда дар кишварҳои пешрафтаи олам будааст: "Дар аксари кишварҳои ҷаҳони мутараққӣ на фақат проссеси баргузории интихоботи парламент ҳатто барои гузаронидани интихоботи президенту дигар низ маблағ муайян карда шудааст. Ҳаминро ба ҳисоб гирифта, мо ҳам барои дар сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ гузаронидани интихобот зина ба зина ба ҳамин роҳ рафтан пешниҳод кардем, ки гузаронидани интихоботи парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз тарафи вакили пешниҳодмешуда ва ҳизбҳои сиёсӣ маблағ гузошта шавад"
Аммо Абдуалӣ Тоиров, намояндаи маркази Созмони амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин пешниҳод дар тарҳи қонуни интихобот хилофи вазъияти феълии кишвар мебошад: "Дар лоиҳае, ки аз тарафи фраксияи Ҳизби Халқӣ-Демократӣ пешниҳод шудааст, қисмати молиявӣ ба бисёр меъёрҳо мувофиқат намекунад. Хусусан барои шароити имрӯзаи Тоҷикистону тоҷикистониён. Алъон, ки камбизоатӣ дар мо вуҷуд дорад, барои ҳамин намояндагони аҳзоби сиёсӣ, намояндагони дигари қишрҳои сиёсӣ имкони молии иштирок дар интихоботро надоранд. Барои ҳамин ин модда хуб мешуд, дар қонун ба инобат гирифта нашавад."
Ба ин тартиб тайи ду руз аст, ки кумитаҳои Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ба баррасии лоиҳаҳои пешниҳодии қонуни нави интихобот пардохтаанд ва то кунун чандин кумита хулосаи худро ба шӯрои маҷлис ироа кардааст, вале гуфта мешавад моддаи қонун, ки гаравпулиро аз аҳзоб ва номзадҳои мустақил барои сабти ном пешбинӣ мекунад, бидуни тағйир боқӣ монда, вакилони маҷлис натавонистаанд, дар мавриди ин моддаи қонун, ки гуфта мешавад, ҳукумати Тоҷикистон онро пешниҳод кардааст, муносибати худро маълум кунанд.
XS
SM
MD
LG