Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қотилони Хуршеда Султоноваро боздошт кардаанд


Кормандони вазорати умури дохилии шаҳри Санкт-Петербурги Русия мегӯянд, ки шахсони муттаҳам дар куштори духтари нӯҳсолаи тоҷикро боз намудаанд. Ба навиштаи хабаргузории русии РИА "Новости" рӯзи ҷумъа, 28 май яке аз фармондеҳони идораи умури дохилии Санкт-Петербург Владислав Пиотровский ба вазири умури дохилии Русия Рашид Нургалиев хабар дод, ки муфаттишон гурӯҳи иборат аз 12 нафарро ташхис намудаанд, ки доимо дар боғи Юсупови Санкт-Петербург ҷамъ мешуданд. Нӯҳ каси онҳо боздошт шудаанд, ду нафар баъди навиштани забонхат дар озодӣ мебошанд. Аз боздоштшудагон ду нафар иқрор шудаанд, ки ҷиноят кори ҳамин гурӯҳ мебошад ва онҳо бо тафтишот ҳамкорӣ мекунанд.
Владислав Пиотровский илова кард, ки синни шахсони муттаҳам дар куштор аз 16 то 20-сола аст ва онҳо асосан аз оилаҳои ба истилоҳ "носолим" мебошанд. Ба қавли раҳбари умури дохилии Санкт Петербург, гурӯҳи муттаҳам авбошони маъмулӣ буда, бо ягон ҷунбише иртибот надорад.
Нуҳӯми феврали соли равон дар шаҳри Санкт-Петербург гурӯҳе аз наврасони маҳаллии мусаллаҳ бо корду, оҳанпора болои Хуршеда Султонова, падар ва писари амаки ин духтари нӯҳсолаи тоҷик ҳамла карданд. Хуршеда аз 11 зарбаи корд ба ҳалокат расид. Ҳамроҳонаш бо ҷароҳатҳо ба бемористон интиқол ёфтанд. Таҳқиқи куштори Хуршедаро вазири умури дохилии Русия Рашид Нургалиев зери назорати шахсӣ гирифта буд.
Дар ибтидои тафтиши парванда иттилоъ зиёд буд, ки дар куштор сартарошидаҳо скинҳедҳо даст доранд. Вале баъд ин фарзия рад шуда, баъзе нашрияҳои Русия кушторро бо қочоқбарони маводи мухаддир иртибот медоданд.
Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Юрий Вдовин, раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи инсон бо номи "Гражданский контрол" чунин гуфт: "Ман чунин тассавур мекунам, ки сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мо ҳамеша саъй мекунанд, то нишон бидиҳанд, ки дар мо масъалаи таҳҳамулнопазирӣ нисбати миллати ғайр, аққалиятҳои этникӣ ва намояндагони динҳои дигар нест. Онҳо чунин вонамуд мекунанд, ки ҷараёни хатарноки скинхедҳо дар ин ҷо нест. Ман шоҳиди муҳокимаи қотилони озарие будам, ки дар бозор тарбуз мефурухт. Ва дар он ҷо наврасон мегуфтанд, ки онҳо дар бораи скинхедҳо ҳеҷ чиз намедонистанд ва аз руи муҳаббат ба футбол ба ин ҷараён пайвастанд ва барои куштани он озарӣ тасодуфан омаданд. Ва ӯро тасодуфан куштанд. Чунин ба назар мерасад, ки низоми додгоҳӣ ва ҳама кӯшиш мекунанд, нишон бидиҳанд, ки дар мо таҳаммулнопазирии миллӣ нест, масъалаи скинхедҳо нест, масъалаи фашизм дар кишвар нест. Аммо ин мушкилот ҳаст ва онро пинҳон карданд, воқеан амиқтар кофтани қабр аст ва ин оқибатҳои ваҳшатнок хоҳад дошт."
Ин буд ташреҳоти Юрий Вдовин раҳбари созмони "Гражданский Контрол". Баъд аз ду ҳафта хомӯшӣ волии вилояти Свердловски Русия Эдуард Россел бо ишора ба мушкилиҳои муҳоҷирони тоҷик иброз дошт, ки бо маводи мухаддир иртибот додани муҳоҷирати тоҷикон амали ғалат ва ҳатто беодобона аст. Хотирнишон мекунам, ки даҳуми майи соли равон дар яке аз канораҳои шаҳри Екатеринбург бо ташаббуси бунёде бо номи "Шаҳри бидуни маводи мухаддир" гирдиҳамоие доир шуд, ки дар он хитобкунандагон муҳоҷирони тоҷикро дар содироти маводи
мухаддир ба Русия ва қаламрави ин вилоят муттаҳам мекарданд. Ҳатто баъзе ширкаткунандагони ҷамъомад талаб мекарданд, ки дар байни Русияву Тоҷикистон режими раводид, ё худ виза ҷорӣ шавад.
Искандари Хоҷа Мирзода
XS
SM
MD
LG