Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду тарҳи қонуни интихобот дар Маҷлиси Намояндагон


Вакилони Маҷлиси Намояндагони парлумони Тоҷикистон баррасии ду тарҳи алтернативии қонуни интихоботи кишварро рӯзи панҷшанбе, 27 май шурӯъ карданд. Ва нахуст муҳокимаи ин ду тарҳ дар се кумитаи Маҷлиси Намояндагон сурат гирифт. Масъули дафтари матбуоти парлумон Муҳаммадато Султонов дар робита ба ин гуфт: "Имрӯз дар кумитаҳои иқтисод, буҷа ва молия, кумитаи қонунгузорӣ, кумитаи амният ва дифоъ лоиҳаи қонуни интихоботро мавриди баррасӣ қарор доданд."
Ба қавли оқои Султонов тарҳи аввал аз ҷониби фраксияи Ҳизби Халқӣ - Демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳомии президент Раҳмонов, ки беш аз 80 дар сади курсиҳои парлумонро соҳиб аст, ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод гардид. Ва тарҳи дуввум аз ҷониби фраксияи Ҳизби Коммунист ва узви Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон дар Маҷлиси Намояндагон ба парлумон ворид шуд. Аксари намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар аз таъхир дар муҳокимаи тарҳҳо ва қабули ин қонун бим мекарданд, ки агар вакилони парлумон дар муҳокимаи он дер кунанд, интихоботҳои оянда бар асоси қонуни ҷорӣ сурат хоҳанд гирифт, ки мунсифона нахоҳад шуд.
Интизор мерафт, як тарҳи дигар ва сеюми қонуни интихоботи Тоҷикистон, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ таҳия шуда буд, бояд ба муҳокима гузошта мешуд, аммо ин тавр нашуд ва вакилони Маҷлиси Намояндагон ҳам дар ин бора чизе нагуфтанд.
Мирзонабии Холиқзод аз Душанбе
XS
SM
MD
LG