Пайвандҳои дастрасӣ

СММ Тоҷикистонро танҳо намегузорад


Антонио Марио Коста, муовини дабири кулли СММ ва раиси идораи мубориза бо маводи мухаддири ин созмон дар расми ифтитоҳи Маркази миллии таҳлилӣ дар назди Оҷонсии мубориза бо гардиши маводи нашъаовари Тоҷикистон фаъолияти ин ниҳодро дар панҷ соли гузашта ситоиш кард. Оқои Коста гуфт, Оҷонсии мубориза бо маводи нашъаовар ниҳоди муштараки Созмони Милал ва давлати Тоҷикистон тайи панҷ соли фаъолият тавонистааст, пеши роҳи қочоқи фазояндаи маводи мухаддирро аз Афғонистон бигирад ва аз ин хотир, таҷриба ва фаъолияти ин идора метавонад, як намунаи хуби пайравӣ ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ бошад. Вай афзуд: "Ба вижа нишондиҳандаҳои оморӣ, ки мегӯяд, беш аз 90 дар сади маводи мухаддири кашф ва мусодирашуда дар Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон мутаалиқ аст, баёнгари фаъолияти дуруст ва муборизаи ҳадафмандонаи оҷонсӣ мебошад."
Раиси идораи мубориза бо маводи мухаддири Созмони Милали Муттаҳид зимни мулоқоташ бо кормандони Оҷонсии мубориза бо маводи нашъаовар бо ишора ба вазъи марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон ва ба ихтиёри марзбонони тоҷик гузаштани назорати марз аз итоати марзбонони Русия гуфт: "Бале дуруст аст, ки бо рафтани марзбонони рус аз хати марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон дар роҳи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир мушкилоти бештаре бо шумо рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Аммо ман талоши худро барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилал ба ин тарафи масъала ва афзоиши кӯмакҳо дар амри ҳифозати марз бештар хоҳам кард."
Аммо генерал Ғаффор Мирзоев, раиси оҷонсии маводи мухаддир, гуфт, шояд дар як марҳилаи кӯтоҳ, яьне ба ҳангоми таҳвили назорати марз аз тарафи марзбонони Русия ба ҳамтоёни тоҷики худ як каме мушкилот пеш ояд, вале дар маҷмӯъ нирӯҳои мусаллахи Тоҷикистон омода аст, аз марзҳои худ ва аз ҷумла аз қочоқи маводи мухаддир мустақилона дифоъ кунад.
Антонио Мариа Коста, раиси идораи мубориза бо маводи мухаддири Созмони Милал гуфт, маводи мухаддир як манбаи аслии таъмини молии экстремистон ва террористон шудааст ва ҷомеаи байналмилал барои кишварҳое, назири Тоҷикистон, ки бевосита дар хатти муқаддамотии ин мубориза қарор дорад, бояд аз ҳар лиҳоз кӯмак кунад.
Гуфтанист, масоили мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ташкили камарбанди амнияти давродаври Афғонистон, ташкили эътилофи ҷаҳонии мубориза бо маводи мухаддирро Антонио Мариа Коста ҳамчунин дар мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор додааст.
Абдуқайюми Қайюмзод дар Душанбе
XS
SM
MD
LG