Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саҳми Аврупо дар чидани минаҳои Тоҷикистон


Бино ба хабари ожонсии "Азия Плюс", дар ҷараёни сафари ҳайъати сафирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ба Тоҷикистон миёни дафтари ин созмон дар Душанбе ва ожонсии миначинии Суис як созишнома дар заминаи марҳалаи нави барномаи поккории майдонҳои минагузоришуда дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Тибқи ин созишнома, 4 кишвари узви САҲА иҷрои барномаи миначинӣ дар Тоҷикистонро 790 000 евро кумаки молӣ хоҳанд кард. Аз ин маблағ 610 000 евро ёрии давлати Канада ва 100 000 еврои дигараш аз суи Норвегия буда, давлати Суис ба ин мақсад 50 000 ва Белжик 30 000 евро кумак мекунанд.
Бар пояи ин маблағ, таъсису таълим ва таъмини таҷҳизоти ду гуруҳи миначин ва пуштибонии молӣ аз барномаҳои кашфи майдонҳои минагузоришуда дар Тоҷикистон ва хабардор кардани аҳолӣ аз хатари минаҳо дар назар дошта шудааст.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG