Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози як идда модарони хуҷандӣ


Модару ҳамсарони чаҳордаҳ ҷавони боздоштшудаи суғдӣ бо иттиҳоми фаъолият дар Ҳизб-ут-Таҳрир дар нишасти матбуотии субҳи 26-уми май дар Хуҷанд дар ҳузури хабарнигорони расонаҳои дохиливу хориҷӣ ва намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, аз ҷой доштани озори шиканҷаи ҷисмониву равонӣ нисбати боздоштшудагон ва роҳ надодани вакилони дифоъ ба ҷараёни тафтишот ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон, додситони кулл ва ҳукумати вилояти Суғд бо як номаи эътирозӣ шикоят хоҳанд бурд. Ба гуфтаи онҳо, маъмурони интизомии вилоят зимни боздошт ва бозпурсии айбдоршудагон бо онҳо бадрафторӣ карда, азобу шиканҷаашон додаанд ва медиҳанд.
Матлуба Каримова модари яке аз ҷавонони боздоштшуда аз Хуҷанд муҳимтарин нукоти номаи шикоятиашонро чунин иброз дошт: "Нуҳӯми феврали соли ҷорӣ фарзандони мо 14 нафар аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуданд. Аз рӯзи дастгир шуданашон нисбати онҳо аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба онҳо мунтазам зӯроварӣ сурат мегирад. Дар рафти зӯроварӣ аз қувваи барқ, лату кӯб, ҳақорату дашном, масхара истифода карда истодаанд. Адвокатҳо пас аз як ду моҳи оғози парвандаи ҷиноятии дастгиршудагон таъмин гаштанд. Яке аз ин чордаҳ нафар Эргашев Нозимҷон аз таъсири зарбаи сахт қобилияти шунавоиашро гум кард."
Ёдовар мешавем, ин гурӯҳи чордаҳнафарии муттаҳам ба узвият дар Ҳизб-ут-Таҳрир дар чойхонаи "Гулбаҳор" боздошт шуда буданд ва раёсати амнияти вилояти Суғд мегӯяд, онҳо дар таъсиси гурӯҳҳои ҷиноӣ, даъват ба барҳам задани сохти конститутсионӣ ва барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ айбдор мешаванд ва парвандаи онҳо дар ҳоли анҷомёбист. Кормандони гурӯҳи таҳқиқотӣ борҳо дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтаанд, ки тафтишот дар чаҳорчӯби қонун сурат гирифта, бо муттаҳамон бадрафторӣ низ сурат намегирад. Аммо дар нишасти матбуотӣ наздикони муттаҳамон дар узвият ба Ҳизб-ут-Таҳрир гуфтанд, фарзандони онҳоро шиканҷа медиҳанд ва маҷбур низ мекунанд, то гунаҳҳои нокардаро ба дӯш бигиранд. Модари яке аз онҳо гуфт, писарашро то андозае латукӯб кардаанд, ки аз гӯшаш хун равон шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар дастони писараш захми сӯхтагӣ низ вуҷуд дорад. Пайвандони афроди боздоштшуда мегӯянд, чунин як номаи шикоятӣ ба унвони додситони вилояти суғд навиштаанд, вале то кунун ба номаи худ посухе нагирифтаанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз шаҳри Хуҷанд
XS
SM
MD
LG