Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намоиши се навори тозаи «Тоҷикфилм» дар Маскав


Муҳаммадраҳими Сайдар аз Маскав

Ду филми тоҷикӣ рӯзи панҷшанбе дар Маскав ба тамошо гузошта мешавад. Тамошои як филми дигар ба рӯзи якшанбе дар назар аст. Ин филмҳо дар Маскав дар чаҳорчӯби Форуми 8-уми синамои кишварҳои муштаракулманофеъ ва соҳили Балтик - Латвия, Литва, Эстония намоиш дода мешавад. Синамогарони тоҷик дар ҳамойиш бори аввал бо дастовез ширкат доранд ва ин дастовардро муждаи баҳори навини «Тоҷикфилм» медонанд. Ҳамзамон, коргардони тоҷик Марям Юсуфова дар форум бо намояндагӣ аз синамогарони Русия ширкат дорад.
Аз се филми тоҷикӣ, нахуст филми мустаннад бо ном «Ҷӯгӣ» ба намоиш гузошта мешавад. Филми «Ҷӯгӣ» аз рӯзгори лӯлиёни Тоҷикистон ҳикоят мекунад. Таҳиягари филм Алоуддин Абдуллоев мегӯяд, маводи аслии филм аслан аз рӯзгори ҷӯгиёни маскуни Колхозобод, ноҳияи ҷануби водии Вахш рӯи навор омад, ба он далел, ки зиндагии ҷӯгиёни саросари Тоҷикистон аз ҳамдигар кам тафовут дорад. Ҷӯгиҳои Колхозобод, Регар, Кофарниҳон, Ҳазрати Мавлоно ба ҳам арӯс медиҳанду мегиранд, аз як тоифа ҳастанд.
Коргардон афзуд: "Рӯзгори ҷӯгиҳои Тоҷикистон бори аввал аст, ки руйи навор меояд. Онҳо худро «мугат» меноманд. Мо ҳам дар аввал хостем филмро «Мугат» ном бигузорем, аммо ба далели ин, ки ин мардум дар Тоҷикистон аслан бо номи «ҷӯгӣ» маъруф ҳастанд ,«Ҷӯгӣ» гуфтем. Дар таҳияи филм аз повести «Ҷӯги»-и Сорбон истифода шудааст."
Филм паҳлӯҳои номаълуми зиндагии ҷӯгиҳоро барои бинанда равшан менамояд. Тамошобин ба хонаи мардуми ҷӯги, шеваи зист ва гуфтору рафтори онҳо аз даричаи дурбини наворбардор менигарад. Филм ба саволи ҳамешагии мардум «Қабристони ҷӯгиҳо куҷост», аз забони худи ҷӯгиҳо ҷавоб гуфтааст. Тасвирҳои филм ҳамзамон зиндагии пурмашаққати Тоҷикистонро намоиш медиҳад.
«Ҷӯгӣ» нахустин қадами Алоуддин Абдуллоев, коргардони театри шаҳри Қӯрғонтеппа дар синамогарӣ аст.
Филми дуввум «Муҷассамаи ишқ» ном дорад ва филми ҳунарии 70 дақиқагӣ аст. Онро коргардон Умед Мирзоширинов ба навор гирифтааст. Номи филм баёнгари мӯҳтавои он аст. Ҷавҳари онро ҳунаршиноси варзида Саъдулло Раҳимов, ки дар ҳайъати синамогарони тоҷик дар ҳамоиш ширкат дорад, таъриф кард. Вай гуфт, филм пас аз даҳсолаи сукут аваллин филми ҳунарӣ дар синамогарии тоҷик аст.Дар он сухан аз ишқи бачагӣ ва бузургсолӣ меравад ва дигар ҳаводис дар атрофи он мечарханд. Аз нигоҳи ҳирфаӣ ишкол дорад, аммо дид дар он равшан аст.
Филми саввум филми тасвирӣ аст. Филм «Маркаб» унвон дорад. Тамошои он ба рӯзи якшанбе барномарезӣ шудааст. Ба гуфтаи коргардони филм Бахтиёр Қаҳҳоров, он дар заминаи хотироти бачагии худи вай офарида шудааст: "Ман ҳарчанд зодаи Душанбе ҳастам, аммо ба деҳа ба зиёрати бобоям зиёд мерафтам ва филм як навъ парвози хаёли ҳамон боздидҳост."
Бахтиёр ба саволи ин, ки "Вазъи филми тасвирӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?", гуфт, дар муқоиса ба филмҳои дигар ин навъи синамо мушкилоти бештар дорад. Вай ба ҳайси мисол гуфт,ки дар филми даҳдақиқаии «Маркаб» 15 ҳазор расм, ё наққошӣ истифода шуд, ки хеле заҳматталаб ва ҳазинаталаб ҳам ҳаст. Ва аммо онгоҳ, ки ба расмҳо ҷон мебахшам, хеле шод мешавам ва дигар мушкилотро барои чанд муддат аз ёд мебарам мегӯяд ӯ.
Мушкилоти мавҷуд дар «Тоҷикфилм»-ро синамошинос Саъдулло Раҳимов низ ёдовар шуд ва дар таҳлил ба рафти ҳамоиш гуфт, шояд дар оянда Тоҷикистон ҳам дар чунин форумҳо бо филмҳои шоистаи рӯз ширкат намояд. Вай афзуд: "Синамои тоҷик ҳам аз нигоҳи молӣ ва ҳам аз нигоҳи ҳифраӣ ба мушкил мувоҷеҳ аст. Бачаҳои мо баромада рафтанд."
Дар тақвияти фикри коршиноси синамои тоҷик метавон афзуд, Марям Юсуфова, дар форум бо филми мустанади «Электричка» ҳамчун синамогари Русия ширкат дорад. Дар чаҳорчӯби форум беш аз 60 филми хурду бузурги ҳунарӣ, мустанад ва тасвирӣ намоиш дода мешавад. Коршиносон ин форумро як навъ ҳамоиши синамогарони шӯравии собиқ арзёбӣ кардаанд. Аз 15 ҷумҳурии Шӯравии собиқ, танҳо синамогарони Туркманистон дар форум ширкат надоранд.
Ҳамойиши ҳаштуми синамогарони кишварҳои муштаракулманофеъ ва соҳили Балтик дар кохи «Киносентр»-и Маскав 24-уми май шурӯъ гардид ва то охири ҳафта барпо хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG