Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсояҳои хуби Осиёи Марказӣ


Раҳматкарими Давлат аз Душанбе

Агарчанд бо гузашти се сол аз оғози кори Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди ташхис ва таъйини навори марзии ду кишвар, хати марзи ин кишварҳо мушаххас ва аломатгузорӣ нашуда ва масоиле боқӣ мондааст, аммо Салоҳиддин Насриддинов, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, мегӯяд, муносиботи кишвараш бо Қирғизистон ҳамчунон дар ҳоли густариш аст ва ҳеҷ гоҳе дучори мушкил нашудааст. Таъйини навори марзӣ танҳо масъалаи ҳалношуда миёни ин ду кишвар аст. Оқои Насриддинов мегӯяд: "Мушкилот гуфтан мумкин аст, ки мушкилоти техникӣ аст, чунки мутахассисони ҳар ду ҷониб имрӯз ба омӯхтани ҳуҷҷатҳои бисёр, ки асосан ҳуҷҷатҳои солҳои 1924 - 1929 вақте, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Ӯзбакистон ҷудо шуд машғуланд. Ба ғайр аз ин ба кори амалии муайян кардани сарҳади давлатӣ (комиссия) сар мекунад."
Аммо ба гуфтаи муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон комиссияи дуҷониба дар таъйини хати марзӣ дар ҳудуди санадҳои эътирофшуда баъд аз фурӯпошии шуравӣ дар аксари маврид мувофиқат карда ва қарор аст дар поёни моҳи сентябр ба натиҷаи ниҳоӣ даст ёбанд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон ду кишвари кӯчактари Осиёи Миёна дар аксар маврид мушкилот ва имконоти мушобеҳе доранд. Ин ду кишвар имконот ва захираҳои аслии обӣ дар минтақаро дар ихтиёр дошта, вале ҳамоно роҳҳо ва воститаҳои икмолотии онҳо аз ду кишвари бузургтари Ӯзбакистон ва Қазоқистон дар ҳоли ҳозир вобаста мебошад. Гузашта аз ин, ҳарду кишвар имкони танзим ва истифодаи захираҳои обӣ дар минтақаро ба далели мушкилоти молӣ ва адами мавҷудияти обанборҳои бузург надоранд. Аммо ҳарду кишвар ҳам дар бунёди обанборҳои бузург ва ниругоҳҳои барқи обиро ба ин манзур дар авлавияти сиёсати иқтисодии худ қарор додаанд. Ва ин нуктаи дигари пайванди манофеи ду ҷумҳурии кӯчаки Осиёи Миёна аст. Аммо дар ин росто то чӣ ҳад муваффақ хоҳанд буд? Исмоил Раҳматов коршиноси масоили минтақа: "Бо назардошти ин ки ҳар ду кишвар аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле заъиф ҳастанд, аз ин хотир ман фикр мекунам, ки ҳал намудани масъалаи об ба ин ду кишвар танҳо бо кӯмаки созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милал, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё муяссар мешавад. Танҳо дар ҳамин ҳолат онҳо метавонанд, барои таъсири сиёсии худ обро ҳамчун манбаи фишор истифода намоянд ва дар ин маврид назари ду кишвар яксон аст."
Аммо сохтмони неругоҳҳои бузург дар қаламрави ин ду кишвар амрест, ки ҳамсояҳои дигар ба ҳайси масрафкунандаи обе, ки аз ин ҷумҳуриҳо сарчашма мегирад, ба анҷоми он чандон мойил нестанд. Зеро дар сурати танзим шудани истифодаи об, заминҳои зиёд дар он кишварҳо, ба назари мутахассисон, ба биёбон табдил хоҳад шуд. Аз ин ҷост, ки руасои ҷумҳурии Қазоқистон ва Ӯзбакистион дар охирин ҷаласаи Бунёди наҷоти дарёчаи Арал ба гунае мухолифати худро ба ин тарзи ҳалли масъала баён доштанд.
Аммо муносиботи Тоҷикистон ва Қирғизистон тайи чанд соли ахир борҳо зоҳиран ба чолиш мувоҷеҳ шуда, вале бо ин вуҷуд ба назари соҳибназарон дучори мушкили ҷиддӣ нагаштааст. Аз ҷумла, дар соли 1990 бар асари масоили марзӣ ва тақсими замин дар ноҳияи марзии Исфара як мушкиле буруз карда буд ва дигарбора дар як соли пеш такрор шуд. Ва дар соли 1999 ва як соли баъди он низ тундравони исломии муссалаҳи давлати Ӯзбакистон бо убур аз марзи Тоҷикистон вориди қаламрави Қирғизистон гаштанд, ки боиси радду бадали лафзии мақомоти ду кишвар шуд, аммо ҳарду кишвар барои якдигар ҳамоно ҳамсояҳои нисбатан боэътимод ба шумор мераванд. Ва ахиран низ табодули мол миёни ин ду кишвар се баробар афзоиш пайдо карда ва гуруҳҳое дар ҳар ду кишвар ҳам дар садади таъсиси кумитаи тадорукоти Иттифоқи иқтисодии Тоҷикистон ва Қирғизистон баромадаанд.
XS
SM
MD
LG