Пайвандҳои дастрасӣ

Майкл Смит: "Тоҷикистон ҳаққ дорад аз сарҳадоташ мустақилона дифоъ кунад"


Майкл Смит, сафири Бритониё дар Душанбе дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт, музокирот бар сари масъалаи хуруҷи нируҳои марзбони Русия аз қаламрави Тоҷикистон мавзуъест марбут ба ҳардуи ин давлатҳо, аммо мавқеъи Бритониё ин аст, ки Тоҷикистон ба ҳайси давлати соҳибистиқлол ҳаққ дорад, ҳифзи сарҳадоташро бар души худ бигирад. Оқои Смит гуфт, мавзуъи амнияти марзи Тоҷикистон аз матолиби меҳварии музокироти Майкл Ҷексон, раиси ситоди кулли артиши Бритониё бо мақомоти Тоҷикистон хоҳад буд. Майкл Ҷексон рузи чоршанбе, 26 май қарор аст вориди Душанбе шавад.
Аммо Майкл Смит дар бораи чандучунии музокироти марзии Тоҷикистону Русия гуфт: "Дар ин ҷо сирф ду нукта вуҷуд дорад. Аввал ин ки музокирот байни кормандони расмии Русияву Тоҷикистон ҳамакнун идома дорад ва ин мавзуъе мебошад, ки комилан ба ҳардуи онҳо робита мегирад. Ин мавзуъ ба мо ҳеҷ дахл надорад. Тоҷикистон ба ҳайси як давлати мустақил ҳаққ дорад марзҳои худро ҳифз намояд, агар хоста бошад. Аммо мо мехоҳем, ки назорати кофӣ бар сарҳадоти Афғонистон вуҷуд дошта бошад. Ва мо бидуни шак бо кормандони расмии Тоҷикистон дар ин мавзуъ суҳбат хоҳем кард ва назари онҳоро дар ин мавзуъ ҷуё хоҳем шуд."
Зимни сафари якрузааш ба Душанбе генерал Майкл Ҷексон, раиси ситоди кулли артиши Бритониё қарор аст бо Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон, вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев ва раҳбари сиёсати хориҷии кишвар Талбак Назаров мулоқот намояд.
Назар ба иттилоъи Майкл Смит, сафири Бритониё дар Тоҷикистон, ҳамчунин қарор аст, дар чаҳорчуби барномаи НАТО "Ҳамкорӣ барои Сулҳ" дар оянда барномаи тамрини афсарони тоҷик дар тамрингоҳҳои Бритониё ба роҳ монда шавад. У мегуяд: "Як мувофиқати ҳамкории дифоъӣ такмил шудааст, ки мо онро тасвиб хоҳем кард. Аммо на дар ҷараёни ин сафар. Ин ҳамкорӣ на дар соҳаҳои густарда ба роҳ монда мешавад, чунки Тоҷикистон як артиши хурд дорад. Ҳадафи мо ин аст, ки ба Тоҷикистон кумак намоем, то бо кишварҳое, ки узви барномаи "Ҳамкорӣ барои Сулҳи" НАТО -анд, ҳамроҳ шавад - кишварҳое, ки метавонанд бо меъёрҳои паймони НАТО амал кунанд. Ҳамкорӣ ба афсарони тоҷик, ки забони англисӣ биомузанд, ва ҷой додани онҳо дар курсҳои ибтидоии мо - ба онҳо кумак мекунад, ки дар барномаи НАТО саҳм бигиранд. Мо афсаронро ба курсҳо мефиристем, мо дар Словакия як маркази бузург дорем барои кишварҳои собиқ шуравӣ ва давлатҳои Аврупои Шарқӣ. Мо аллакай як дастаи афсарони тоҷикро ба чунин курсҳо фиристодаем. Ва умедворем, ки онҳоро ба чунин курсҳо ба Бритониё фиристем. Албатта, ин ба пайдо кардани афсарони донандаи забони англисӣ вобаста аст, ки кори мушкил аст."
Баррасии ҳамкориҳои Бритониё дар мубориза зидди терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, интихоботи қарибулвуқуъи парлумонӣ аз мавзуъҳои дигари мавриди баррасии намояндаи баландпояи артиши Бритониё бо мақомоти Тоҷикистон хоҳад буд.
Аз охири соли гузашта то имруз як барномаи хурд, аммо дарозмуддати ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Бритониё амал мекунад, ки ошноии қумандонҳо ва афсарони пойинрутбаи вазорати дифоъро бо меъёрҳои низомии ғарбӣ дар назар мегирад.
Заробиддин Сироҷев, сухангуи вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфт, ҳамкориҳои низомии ин ду кишвар ғолибан дар сатҳи табодули иттилоот дар чаҳорчуби муборизаи зидди террор ҷараён дорад. Оқои Сироҷев афзуд: "Аз ҷониби сохторҳои низомии Бритониёи Кабир дар таълими забони англисӣ дар байни донишҷуёни донишкадаи ҳарбии вазорати мудофиъа ва литсейи ҳарбӣ, ки ин ду муассисаи таълимии вазорати мудофиаи Тоҷикистон аст, саҳмгузорӣ мекунанд. Ва ҳамчунин тайи ду-се соли охир дунафарӣ афсарони қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тариқи ройгон дар Бритониёи Кабир ба муҳлати чормоҳӣ таҳсили илм мекунанд."
Дар баробари ҳамкориҳои низомӣ, Бритониё Тоҷикистонро дар мубориза зидди маводи мухаддир дар бахши иттилоот, кумакҳои фаннӣ ва таҳкими марз пуштибонӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG