Пайвандҳои дастрасӣ

Гузаргоҳи Қулма - Қаросу расман боз шуд


Рузи 25 май дар минтақаи Мурғоби марзи Тоҷикистону Чин расми ифтитоҳи гузаргоҳи марзии Қулма - Қаросу доир шуд. Ин нахустин гузаргоҳи расмӣ дар марзи Тоҷикистону Чин аст.
Дар ин маросим як ҳайъати давлати Тоҷикистон ба раҳбарии сарвазир Оқил Оқилов ва як ҳайъати расмӣ аз вилояти Шинҷон - Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат доштаанд.
Оқил Оқилов бо ёдоварӣ аз 30 созишномаи ҳамкории имзошуда байни Душанбеву Пекин гуфт, кушода шудани роҳ барои равуои нақлиёт миёни ин ду кишвар саҳифаи наве дар китоби равобити онҳо хоҳад шуд.
Маросим бо як консерти муштараки ҳунармандони тоҷику чиноӣ ба поён расид. Дар ин консерт аз ҷониби Чин ҳунармандони тоҷики муқими ноҳияи Тошқурғони Чин намояндагӣ доштанд.
Интизор мерафт, ки дар пайи кушодашавии роҳ нахустин мошин низ аз марзи Тоҷикистону Чин убур кунад, вале дар рузи аввал ягон хоҳишманди сафар бо мошин ба он суи марз пайдо нашуд. Ҳамин гуна, аз суи Чин ҳам мошине дар ин руз вориди хоки Тоҷикистон нашудааст.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол
XS
SM
MD
LG