Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико ба тағйири қонуни интихоботи Тоҷикистон даъват мекунад


Дуглас Давидсон, намояндаи Амрико дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо(САҲА) гуфтааст, Амрико парлумони Тоҷикистонро ба тағйири қонуни интихоботи ин кишвар даъват мекунад. Ба ақидаи дипломати амрикоӣ, қабули қонуни нави интихобот ба эътибори Тоҷикистон ба ҳайси кишваре, ки плюрализми сиёсиро дар қаламраваш таъмин кардааст, хоҳад афзуд.
Дуглас Давидсон гуфтааст, бо вуруди тағйирот ин қонуни Тоҷикистон бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқати бештар пайдо хоҳад кард. Оқои Давидсон, ки дар мақари САҲА дар Вена суҳбат мекард, паёми солонаи президент Эмомалӣ Раҳмонов ба парлумони кишвараш дар як моҳи пешро фоли нек номид, чунки президент Раҳмонов ҳам дар он суханрониаш ба зарурати қабули қонуне таъкид кардааст, ки бо шароити демократияи муосир мувофиқ буда, баргузории як интихоботи шаффофу мунсифонаро таъмин кунанд.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG