Пайвандҳои дастрасӣ

Сохтмони хатти интиқоли барқи Конибодом - Бодканд шуруъ шуд


Сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон Оқил Оқилов ва Николай Танаев ахиран дар маросими ифтитоҳи сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқ дар масири Бодканд - Конибодом ширкат кардаанд.
Оқил Оқилов дар ин маросим дар Конибодом гуфтааст, бунёди ин масири ҳамлу нақли нируи барқ дар роҳи муттаҳид кардани низоми энержии Тоҷикистону Қирғизистон мусоидат намуда, як барномаи бузурги ҳамкории дарозмуддати ду кишвар дар ин ришта аст. Оқил Оқилов гуфтааст, бо сохта шудани хатти мазкур, вилояти Суғди Тоҷикистон метавонад рузона то 3 милён киловатт-соат нируи барқи иловагӣ дастрас кунад.
Ҳамтои қирғизи у Николай Танаев гуфтааст, сохтмони хатти интиқоли барқи Бодканд - Конибодом имкон медиҳад, ду кишвар нируи барқи изофагии худро дар мавсимҳои гармову сармо бо ҳам табдил карда, тавассути ин масир ба бозорҳои нав роҳ пайдо кунанд. Оқои Танаев гуфт, Тоҷикистон аз ҷумла метавонад нируи барқашро тавассути Қирғизистон ба Русия бифурушад ва Қирғизистон ба навбаи худ, ба гуфтаи сарвазираш, акнун имкон хоҳад ёфт содироти нируи барқаш ба Афғонистону Покисттонро аз роҳи Тоҷикистон таъмин кунад.
Масири интиқоли нируи барқи Бодканд - Конибодом 53 километр тул дошта, 34 километри он аз хоки Тоҷикистон ва 19 километри боқиаш аз ҳудуди Қирғизистон хоҳад гузашт. Бар асоси тааҳҳудоти қаблӣ, сохтмони ин масир бояд то моҳи марти соли оянда анҷом шавад.
Тоҷикистон, бар асоси тавофуқе, ки бо ҷониби Русия имзо кардааст, бояд дар мавсими тобистони имсола ба он кишвар ҳудуди якуним миллиард киловатт нируи барқ содир кунад.
Тибқи он тааҳҳуд, ҳалл кардани масъалаи транзити ин миқдори нируи барқ тавассути Узбакистону Қазоқистон бар уҳдаи ҷониби Русия вогузор шудааст.
Аммо бино ба охирин хабарҳо, мақомоти Русия то ҳол танҳо ризоияти ҷониби Қазоқистонро дар мавриди транзити нируи барқи Тоҷикистон ба даст овардаанд, вале ҷониби Узбакистон ба далели масруфияти хаттҳои интиқоли нируи барқаш дар мавсими тобистон аз транзити чунин миқдор нируи барқи Тоҷикистон ба Русия гуё даст кашидааст.
Дар ин сурат, бо шабакаҳои интиқоли нируи барқи Қирғизистон пайвастани шабакоти ҳамсони Тоҷикистон метавонист як роҳи дигар ва алтернативӣ барои содироти нируи барқи Тоҷикистон ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Русияро эҷод кунад. Аммо тавре гуфта мешавад, хатти интиқоли нируи барқ дар масири Конибодом - Бодканд танҳо то моҳи марти соли оянда сохта хоҳад шуд.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG