Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари оғози маъракаи хуруҷи марзбонони рус аз куҷо хестааст?


Ҳар ду ҷониби Тоҷикистону Русия хабари аз ҳамин ҳафта оғоз шудани маъракаи хуруҷи нируҳои марзбонии Русия аз сарҳади Афғонистонро радд карданд.
Намояндаи хадамоти марзбонии Русия дар суҳбат бо ожонсии русии "Интерфакс" ин хабари нашршуда дар чанд расонаи русиро "сафсатаи маҳз" номида, гуфтааст, ҷадвали замонии таҳвили масъулияти ҳифозати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҳануз таъйин нашудааст.Манбаъи "Интерфакс" афзудааст, ки ин масъала мавзуъи баҳс дар музокироти марзии Душанбеву Маскав боқӣ мемонад.
Муовини раиси кумитаи марзбонии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ҳомидов рузи душанбе низ ба "Интерфакс" гуфт, аз 24 май шуруъ шудани хуруҷи марзбонони рус аз марз бо Афғонистон ғайривоқеъист. Вагарна, афзудааст вай, ҳамкорони рус моро дасти кам дар ҷараён мегузоштанд.
Оқои Ҳомидов низ гуфтааст, ҷадвали ниҳоии ба мразбонони тоҷик гузаштани ихтиёри ҳифзи марзи мазкур то ҳол таҳия нашуда ва дар ин замина ҳануз корҳои зиёде дар пеш аст.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG